Имрӯз кормандони Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятии “КОВИД -19” идома дода, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез тез шустани дастон, пӯшидани ниқоби тиббӣ, худдорӣ аз анъанаҳои хурофотӣ (аз қабили бӯса кардан, ба оғуш гирифтан), худдорӣ кардан аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук, безарурат набаромадан аз ҷойи зистро ба шаҳрвандон фаҳмонида, ба онҳо тавсия доданд, ки ба номаҳмию воҳимаҳо роҳ надиҳанд. Зимни вохӯриҳо муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба сокинон дастрас карда шуд.