Бо иқдом ва ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, хосатан шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия ва дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» дар факултети суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамоиши илмӣ- амалӣ бахшида ба соли 2017 «Соли ҷавонон» таҳти унвони «Оила саодати зиндагист» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд Мусобек Мироватов ва намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» ширкат ва баромад намуданд.

Зимни баромад мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева қайд кард, ки воқеан инсон, оила ва ҷамъият ин се мафҳуми муҳимтарин рукнҳои фалсафаи ҳаётанд. Ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносии миллӣ –ин ҳама натиҷаи тарбия дар оила аст.