Ба ифтихори 26 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ таҳти унвони ““Нақш ва мақоми ҲХДТ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум” доир гардид.

Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров номаи муборакбодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи муборак ба самъи ҳозирин расонид.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни баромади худ зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, дар давоми мавҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ин ҳизби воқеaн мардумӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон aрзи ҳaстӣ нaмудa, тaвонист  чун ҳизби нуфузпайдокарда ва татбиқкунандаи идеяи миллӣ бaрои пешрaфт вa шукуфоии кишвaри aзизaмон хизмaти шоиста кунaд. Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он маншаъ гирифта, беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакатро рисолати худ донист.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода зимни қироати номаи муборакбодии мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд аз ҳамкории густурдаи аъзоён ва пайравони ҲХДТ ёдовар шуда, баён намуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд яке аз калонтарин ташкилоти ҳизбӣ дар миқёси кишвар маҳсуб шуда, дар баланд бардоштани маънавиёт, эҳсоси худшиносии миллӣ, нақш ва мақоми бонувон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми шоиста дорад.  Ин қувваи бузург, ки сиёсати давлатии кишвар ва Барномаи амалии ҳизбро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ муаррифӣ мекунад, дар ҳама чорабиниҳои шаҳр фаъол аст. Махсусан, аёдати собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву барҷомонда, ятимону бесаробмондагон дар якҷоягӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳамчунин ҳамагуна ҷашну маросимҳо дар ҳамбастагӣ доир карда мешавад.

Раиси шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Абдуҳаким Шарипов ва устоди ДДҲБСТ профессор Мубина Хоҷаева  дар баромадҳояшон баён доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии  сиёсӣ  дар  ҷомеа  нуфузи  махсусро  соҳиб  гардида,  аз  оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар рушди кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо рисолати  созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона миёни мардум  ба  таври шоиста муаррифӣ гардида,  аз як  гурӯҳи хурд  ба ҳизби муосири зиёда аз 494 – ҳазорнафара, ба нерӯи пешсаф, ташаббускору созанда табдил ёфтааст.

Дар идомаи кори конфронс озмуни иншои беҳтарин байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  таълимии таҳти унвони «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо!» , ки ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин фаъолони ҳизб бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ва кумиҷроияи шаҳрии ҳизб қадрдонӣ гардиданд.

Ба якчанд нафар ҷавонони фаъол дар вазъияти тантанвӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Бо ҳамин конференсия ба ифтихори солгарди таъсисёбии ҲХДТ анҷом ёфт.