Рӯзи гузашта дар кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд масҷлиси гурӯҳи мобилии назди кумиҷроияи шаҳрӣ доир гардид, ки дар он раиси кумитаи иҷроия Наим Маликисломов ҷиҳати иштирок намудан дар чорабиниҳои ҳизбӣ ва таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ба аъзоёни гурӯҳи мобилӣ дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин роҳбари гурӯҳи мобилии Кумиҷроияи шаҳрӣ Рустам Расулов, ва аъзои фаъоли гурӯҳ Рустам Сулаймонов баромад намуда, оид ба пешбурди фаъолияти кори гурӯҳ якчанд фикру ақидаҳои худро баён намуданд.