Бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан аз фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар корхонаҳои «Насоҷии Хуҷанд», «САТН» ва «Лаъл» раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ва мудири шӯъбаи ташкилии кумиҷроия Маҳмадсалим Ҳаитов ба ин коргоҳҳо ташриф оварда, бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ мулоқот оростанд. Мулоқот асосан доираи масъалаҳои обуна намудани кормандони коргоҳ ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ», ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҲХДТ ва дар ин замина ҷалб намудани кормандони коргоҳхои мазкур ба сафи узвияти ҲХДТ сурат гирифт.