Дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд  «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаҳои интихоботии Ситора №13», ва Хуросон 29 «Дар бораи таъин шудани рӯзи интихобот ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаҳои зикршуда интихобот санаи 18 декабри соли 2016 баргузор мегардад.

Тибқи нақшаи Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд вохӯриҳои пешазинтихоботӣ дар ҳудуди ҳавзаҳои мазкур баргузор гашта истодаанд.

Рӯзи гузашта дар толори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии шаҳрии Хуросон №19 бо интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи интихоботии мазкур баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Хуросон №19», С.Саидов иштирок намуда, аз барномаи пешазинтихоботии номзад сухан гуфт.

Инчунин, дар ин вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар баромад карда, қайд кард, ки нақши ҲХДТ дар баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа калон буда, тавассути аъзои фаъолаш барои беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад. Итминони комил дорем, ки халқ беҳтаринҳоро интихоб хоҳад кард.

Дар охир миёни интихобкунандагон ва номзадҳо саволу ҷавоб сурат гирифт.