Санаи 23.09.2014 дар маҷлисгоҳи Созмони амнияти ҳамкории Аврупо (САҲА) маҳфили машваратии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (ҳизбҳои сиёсӣ) -и вилояти Суғд оид ба мавзӯи «Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи политсия» баргузор гардид. Ҷамъомад бо сухани ифтотоҳии намояндаи МИҲД дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ ва роҳбари идораи САҲА дар вилояти Суғд Келси Харрис Смит оғоз гардид. Дар ин маҳфил маърӯзаи намояндаи ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, Дадобоев дар мавзӯи «Навгониҳои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи политсия», маърӯзаи роҳбари шӯъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии МИҲД дар вилояти Суғд Шарипов О. дар мавзӯи «Баҳои ҳуқуқии лоиҳаи Қонуни ҶТ дар бораи политсия» шунида шуд. Инчунин афсари Миллии оид ба робитаи САҲА Ҳайдар Маҳмадиев дар масъалаҳои ислоҳоти милитсия дар мавзӯи «Ҷараёни амалигардонии ислоҳоти милитсия ва қабули қонуни нав дар бораи политсия» баромад намуд, ва нуқтаи назари намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ низ оид ба лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи политсия» зери муҳокима карор гирифт. Дар ҷамъомад Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов иштирок намуда, оид ба қонуни нав фикру ақидаҳои худро иброз намуд.