Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Субҳи санаи 27.07.2019 як зумра устодону кормандони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баҳри саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ба шанбегӣ баромада ҳудуди корхонаи ифтитоҳшавандаи "Хорои Хуҷанд", ки бо иштироки меҳмонони олиқадр ба нақша гирифта шудааст аз алафҳои бегонаву худрӯи хушкшуда ва аз партофҳо тоза намуданд. Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон»  минбаъд низ дар шанбегиҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида кӯшиш ба харҷ медиҳад то дар ободии Ватани биҳиштосоямон саҳми босазо гузорад.