Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ-асоси пешравии иқтисодиёти Тоҷикистон» конфронси илмӣ баргузор шуд.

Дар конфронси мазкур олимону донишмандон дар мавзуҳои «Ваҳдати миллӣ чун пояи асосии баланд бардоштани самаранокии сиёсати андозу буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ», «Инъикоси истифодабарии самараноки об дар зарбулмасалу мақолҳо», «Нақши онлайн-курсҳои оммавӣ дар соҳаи маориф» маърӯзаҳои илмӣ намуда, оид ба самаранокии сиёсати андоз ва нақши Ваҳдати миллӣ дар низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои гуногунсоҳаи мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Сарвари давлат дар таҳкими он, аҳамияти истифодабарии зарбулмасалу мақол перомуни об дар байни миллатҳои мухталифи ҷаҳон ва афзалияту бартарӣ, ҷиҳатҳои манфию мусбии онлайн-курсҳои оммавӣ дар ҷараёни таълиму тарбия, фикру андешаҳои ҷолиб иброз намуданд.

Конфронс дар сатҳи баланди илмию назариявӣ гузаронида шуда, аз 19-ум то 26-уми апрел дар ҳамаи бахшҳо ва кафедраҳои донишкада идома меёбад. Тибқи муқаррароти конфронс, он 26-уми апрел анҷом ёфта, ғолибони бахшҳои маҳфилҳои илмии устодон ва донишҷӯён бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд.