Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ соли 2018-ро дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафи пешгирифтаи Сарвари давлат як гурӯҳ занону ҷавонон, собиқадорони меҳнат, кормандони кумиҷроияро ҷиҳати боздид намудан аз ҷойҳои таърихӣ ва мавзеъҳои шаҳри бостонии Панҷакент дар рӯзҳои истироҳатӣ-санаҳои 28 ва 29 апрели соли 2018 сафарбар намуд.

Сафарбаршудагон дар раванди саёҳати дурӯза пеш аз ҳама бо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода вохӯрӣ доир намуда, сипас аз мавзеъҳои таърихии ин гӯшаи ободи кишвар мақбараи ҳоҷӣ Муҳаммади Башорро, осорхонаи шоири халқии Тоҷикистон шодравон Лоиқ Шералӣ, минтақаи ҳафткул, минтақаи таърихии Саразм ва дигар манзараҳои дохили шаҳри Панҷакент дидан намуда, аз тамошои манзараҳои дилфиреб таассуроти хуб бардоштанд.