Ба ифтихори ҷашни баҳори зебоӣ – Рӯзи модар бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар Театри тамошобини навраси ба номи Одилҷон Назаров чорабинии идона доир гардид. Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки зан таровату баҳори ҳаёт аст. Агар гӯем, ки оғози барору кушоишҳои корамон дар   давоми сол ба ҳамин ҷашни зебо, ҷашни муҳаббату тароват, иди садоқату вафодорӣ, иди ҷасорату шуҷоати занону бонувон вобаста мебошад, хато нахоҳем кард.  Бо  шарофат ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва нақши занон дар ҷомеаи мо дар мақоми  баланду муқаддас аст ва ин манзалат сол аз сол волоияти хешро собит менамояд.     

Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар заминаи он қабул гардидани як қатор Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои минбаъд афзудани нақши зан аҳамияти тақдирсоз дошт. Дар сатҳи давлатӣ самтҳои стратегии сиёсати дастгири занон тарҳрезӣ шуда, тадбирҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирок дар идораи давлатӣ, беҳтар намудани саломатӣ, баланд бардоштани маърифату маънавиёт, сатҳи зиндагӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи занон, пешгирии падидаҳои номатлуб муайян шуданд. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» барои ин тадбирҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ омода кард.

Тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бонувони фаъоли ҳизбӣ Мавлуда Самадова ва Ҳамроҳхон Атаева аз номи бонувон ба созмондиҳандагони ин чорабинии идона изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки  минбаъд низ  занон дар ҳама  самт такягоҳи асосии кумиҷроияи шаҳрӣ мегарданд.

Чорабинии адабӣ –фарҳангӣ руҳияи идонаи иштирокдоронро дуболо намуд.