Санаи 26-уми июн дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ бо иштироки раиси Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, кормандони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб, доираи васеи аъзоёну фаъолон ва алоқамандони ҳизб иборат аз раисони кумиҷроияву ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, намояндагони касбу кори гуногун ва иштирокчиёни озмунҳои эҷодии иншо ва расми беҳтарин таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ - кафили сулҳу субот» конференсияи илмӣ - амалӣ доир гардид.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Наим Маликисломӣ чунин таъкид намуд: Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегарданд ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозанд.
Барои халқи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаи таърихӣ ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Воқеан 27-уми июни соли 1997 рўзу соли муборакест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёд ва мутамаддини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин соли хуҷаста Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави таърихи худ қадам ниҳод.
Бо мақсади гиромидошти Рӯзи сулҳи тоҷикон Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ - кафили сулҳу субот» конференсияи илмӣ –амалӣ баргузор намояд.
Дар идомаи чорабинӣ Наим Маликисломӣ табрикоти кумиҷроияи шаҳриро ба самъи аҳли толор расонид.
Баромади пурмуҳтавои раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Матлубахон Амонзода инъикосгари таърихи пуршарафи ҳизб, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, нақши аъзоёну алоқамандони ҳизб дар раванди бунёдкорию созандагӣ буд. Номбурда оид ба рафти омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии дарпешистода ибрози андеша ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбиро дар ин давраи ҳассос мушаххас намуд. Аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки айни замон дар миқёси вилоят ҲХДТ 140 ҳазор нафар аъзо дорад. Ҳамзамон мутолиа намудани мақолаи муовини аввали Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзодаро таҳти унвони «Ҳизби ормонҳои мардумӣ» ба иштирокчиёни конференсияи илмӣ амалӣ тавсия намуд.
Баъди суханронӣ Матлубахон Сатториён дар вазъияти тантанавӣ ба собиқадорон ва фаъолони ҳизб Абдумавлон Азимов, Мукаррама Неъматова ва Фирӯза Ҷалилова нишони сарисинагии Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ-ро супорид.
Сониян раисони кумиҷроияҳои вилоятию шаҳрии ҳизб ба 7 нафар аъзоёни нав шаҳоддатномаи ҳизбӣ супориданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ иттилоъ дод, ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмунҳои эҷодии иншо ва расми беҳтарин таҳти унвони «Ваҳдат – меҳвари рушди давлат» эълон гардида буд, ки дар он аз тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ сар карда, то донишҷӯёни макотиби олӣ иштирок намуданд. Дар умум то муҳлати пешбинишуда ба комиссияи озмунӣ наздик ба сад маҳсули эҷоди онҳо пешниҳод гардид. Комиссия давоми як ҳафта онҳоро мавриди омӯзишу санҷиш қарор дод ва ғолибонро муайян намуд.
Аз ҳар ду номгӯй соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ бо Диплому ҷоизаи пулӣ, иштирокчиёни ба комёбӣ ноилгардида бо Ифтихорномаву туҳфаи хотиравӣ ва иштирокчиёни фаъол бо Сипосномаю туҳфаи хотиравӣ қадршиносӣ шуданд, ки онҳоро Сатториён Матлубахон ва Маликисломӣ Наим Мунаввар супориданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин як гурӯҳ фаъолони ҳизбиро бо Ифтихорномаю Сипоснома қадршиносӣ кард.
Конференсияи илмӣ – амалиро раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ҷамъбаст намуд.