Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи сиёсиву ҷамъиятии бузургу тавонои мардумии кишвар бо ҳадафҳои неку созанда ва инсонпарваронаи хеш эътимоду боравии халқро сазовор аст. Ин эътиқоду боварӣ мо, ҳизбиёнро водор месозад, ки дар ҳама маврид ҳампаҳлӯи ҷонибдорону ҳамсафони хеш бошем.

Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, “дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем”.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси Оиннома ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ баҳри манфиати ҷомае, рушду пешрафти кишвар, корҳои хайру иқдомҳои наҷиб ҳамкории пайвастаро бо ташкилотҳои ҷамъиятиву давлатӣ  ба роҳ мемонад.

Имрӯз вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории короновирус — COVID-19 тадбирҳои амалӣ андешида истодаанд.

Дар меҳвари ин амалҳои пешгирикунанда кормандони соҳаи тиб, бо масъулияти бузург чораҷӯӣ доранд, ки онҳо як гурӯҳи бузурги узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  ташкил медиҳанд.

Аз ин лиҳоз, Кумитаи иҷроияи вилоят санаи 28 апрели соли равон дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ  баҳри ҳифзи саломатии ҳамсафонамон – кормандони тиб, ки бо масъулияти баланд дар беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд, ки ҷиҳати безараргардонӣ, пешгирӣ ва нигаҳдории солимии ҷомеа ҷаҳду талош доранд, бо либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб, маводҳои безараргардонӣ, гигиенӣ ва маводҳои хӯрока дастрас намуд.

Ин амали созандаи ҳизбиён дар шаҳру навоҳии вилоят пайравони худро пайдо карда, сокинон, хосса ҳизбиён баҳри пешгирӣ аз ин бемории сирояти чораҳои муассир андешида истодаанд.