Яке аз собиқадори меҳнат Буҳоватдин Исмоилов ба сини мубораки 70 – солагӣ расид. Ба ин муносибат аҳли маорифчиён, ҳизбиён ва дӯстон барои табрикоти рӯзи мавлуди ин шахс, ки солҳои зиёд фаъолияти педагогӣ ва ҷамоатчигӣ дорад, ҷамъ омада дар ҳаққи устод Буҳоватдин Исмоилов суханҳои қимматнок арзи баён доштанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар ин чорабини ширкат варзида, зимни суханронии хеш дар бораи саҳми арзандаи соҳибҷашн дар тарбияи насли наврасу ҷавонон ёдовар шуд ва  соҳибҷашнро ба муносибати рӯзи мавлудаш аз номи роҳбарияти ҳизб табрику муборакбод намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба Буҳоватдин Исмоилов Меҳрнома ва тӯҳфаи хотиравииКумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро тақдим кард.