Масъалаи мақому мартабаи зан дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мазмуни нав касб кард. Зимни таҳаввулоти сиёсӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ – фарҳангӣ ба нақши зан эътибори хоса дода шуд, ки ин аз сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

Имрӯз беш аз 51 фоизи аҳолии кишварро занон ташкил медиҳанд ва ҳамчун нерӯи созандаву бунёдгари ҷомеа дар тарбияи фарди солим, танзими расму ойинҳо ва мубориза алайҳи ифротгароён нақши басо муассир доранд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, хосатан шӯъбаи кор бо занони он тасмим гирифт, ки тибқи барқияҳои 17,18,19-и Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ амал намуда, дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистони азиз корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти фаъолияти кор бо занони хонашин ҷоннок намояд.

Ташкили силсиламашварат ва мусоҳибаҳо бо занони хонашин хеле саривақтӣ ва муфид арзёбӣ гардида истодааст.

Занони хонашин бар он ақидаанд, ки маҳз ташаббусу ибтикороти Сарвари давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба ҳаёти куллан осудаву обод, ягонаву демократӣ ва озоду соҳибистиқлол оварда расонд. Мо аз ғамхориҳои наҷибу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорем.