Аз истиқлолият ба даст овардани кишвари мо соли равон 25-сол пур шуд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки то замони роҳбариро бар зима гирифтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо дар кадом ҳолат қарор дошт. Дар пойтахти кишвар ду қувваи бо ҳам зид дар майдони «Шаҳидон»-у «Озодӣ» барои амалӣ кардани манфиатҳои хеш гирдиҳамоӣ мекарданд. Сокинони минтақаи ҷануби кишвар бошад, аз тарси ҷон хонаву дарашонро партофта, ба тарафи Афғонистону дигар минтақаҳо кӯч мебастанд. Дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Қӯрғонтеппаву Кӯлоб садҳо нафар ҷавононро дидан мумкин буд, ки яроқ дар даст ба қатлу куштор даст мезаданд. Яъне, бародар бо дасти худ бародарашро мекушт. Вазъи иқтисодӣ сангин буд. Сокинон нон намеёфтанд, ки хӯранд. Кӯдакон ба дидори падару модар, хонаву диёр муштоқ буданд. Мактабу маориф ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Ана дар ҳамин лаҳзаи сарнавиштсоз Сесияи 16-уми  шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб доир шуда, ҷавони 40-сола раиси онвақтаи шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси шӯрои олӣ интихоб гардид. Ва аввалин ҳарфе, ки ӯ баён дошт, ин тинҷиву осудагӣ ва баргардонидани гурезагон буд. Ин марди сиёсат ба қавлаш вафо кард. Барои хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати мардум нақши асосӣ бозид.  Дар бораи сулҳи тоҷикон бисёр навиштаанд, вале он нуктаро бояд бори дигар таъкид кард, ки дар он Президенти Тоҷикистон нақши марказӣ дошт. Ӯ аз оғоз то ба анҷом дар ҷараёни гуфтушунидҳо буд, бо аъзои ҳайати ҳукуматӣ сӯҳбат мекард, дастуру маслиҳат медод, бо лоиҳаҳои санадҳои таҳияшуда шинос мешуд. Ҳафт маротиба мулоқотҳои сатҳи олӣ бо иштироки Президент гузаштанд, ки албатта, дар раванди музокирот нақши асосӣ доштанд. Ва ниҳоят байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қувваҳои опозитсионӣ созишномаи сулҳ баста шуд.  Баъди тинҷиву оромии кишвар акнун дар назди Президент масъалаи баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ меистод. Роҳандозӣ шудани се ҳадафи стратегии кишвар- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт.  Ба ин хотир дар кишвар беш аз 1000 километр роҳ, садҳо купрукҳо, се нақби азим мавриди истифода қарор гирифт. Президент ба хотири кӯмак кардан ба халқи хеш дар давраи ниҳоят мушкили кишвар 75 ҳазор гектар заминро тақсим карда дод. Ҳоло ин заминҳо чун замини «президентӣ» маъруфият доранд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 100 нерӯгоҳи хурду бузург, аз ҷумла Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 сохта шуда, таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи обии Қайроққум, Норак, Помир анҷом ёфтанд. Хатҳои баландшиддати Ҷануб-Душанбе-Шимол, Душанбе-Лолазор сохта шуда, сохтмони КАСА-1000 бо мааром идома дорад. Ҳамаи мо шоҳидем, ки чанд рӯз пеш Президенти кишвар ба бастани маҷрои дарёи Вахш ва оғози сохтмони сарбанди нерӯгоҳи «Роғун»фотиҳа доданд. Он рӯз дур нест, ки кишвари мо ба давлати азими истеҳсолкунандаи барқ мубаддал ёбад. Президент дар самти маънавиёт ва фарҳанг низ хизмати бесобиқа кардаанд. Баргузории 1100- солагии давлати Сомониён, бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, гиромидошти Имоми Аъзам, 2500 солагии Истарвшани бостонӣ, 2700- солагии Кӯлоб, 3000 – солагии  Ҳисори шодмон, таҷлили зодрӯзи шоирони классики тоҷик Рӯдакиву Сино, Ҷомиву Камоли Хуҷандӣ ва Мирсаид Алии Ҳамадонӣ гувоҳи гуфтаҳои болоианд.  Китобҳои навиштаи Президент «Тоҷикон дар оинаи таърих» се ҷилд, «Сомониён»  «Забони миллат ҳастии миллат» «Чеҳраҳои мондагор» ва даҳҳои дигар бори дигар аз қадимиву соҳибтамаддун будани миллати мо дарак медиҳад .

 Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми раёсати донишкада  дар соатҳои тарбиявӣ дар ҳама факултетҳои донишкада шурӯъ аз санаи 12 ноябр бо иштироки устодону шогирдон аксияи «Мо китоби«Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён»»- ро мехонем доир гардид. Аксияи мазкур тайи чор рӯз дар синфхонаҳо, китобхонаҳо, хобгоҳу ошхонаҳо ва дар саҳни ҳавлии факултетҳо доир шуда, устодон ва донишҷӯён бо мароқи том ин шоҳасари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро мутоила намуданд. Ҳоло мо тасмим гирифтем, китобҳои тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Забони миллат ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор»-ро низ ҳамагӣ мутоила намоем. Таваҷҷӯхи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф хосса аст. Тақвияти гуфтаҳои болоӣ он аст, ки агар соли 1992 маблағгузории соҳаи маорифи вилоят ҳамагӣ 1779 сомониро ташкил диҳад, пас ин рақам дар соли 2009 170 миллиону 950,9 ҳазор ва соли равон 522 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки комёбиҳо ва дастовардҳои меҳнатии маорифчиён ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад. Ё худ, агар дар соли 2000 музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаи маориф 10,4 сомониро ташкил дода бошад, пас он имрӯз то ба 850 сомонӣ расидааст. Дар баробари ин барои омӯзгорони ҷавон, олимон ва ҷавонони лаёқатманд имтиёзҳо, идрорпулиҳо ва ҷоизаҳо муқаррар карда шудааст, ки ин амалҳо барои ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ, ҳавасмандии онҳоро баланд мекунад. Бунёди беш аз 1000 мактабҳо ва ба 37 адад расидани шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар худ исботи гуфтаҳои болианд. Яке аз дастовардҳои замони истиқлолият ин ҷорӣ намудани квотаи президентӣ барои духтарони деҳот буд, ки қаблан касе дар ин хусус андеша ҳам надошт. Ин имтиёз ба духтарон имкон дод, ки роҳи донишомузӣ   барояшон кушода гардад ва ҳама садҳои сунъӣ, андешаҳои хурофотию бофтаҳои хаёлии бархе  пош хӯранд. Имрӯз дар асоси ин чораҷуӣ духтарони зиёде соҳиби маълумои олӣ, касбу ҳунар ва зиндагии обод гаштаанд. Ҳамаи ин дастовардҳо аз амну осоиш ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар бармеояд, ки зимоми роҳбариро Президенти оқилу донои мо Эмомалӣ Раҳмон таи беш аз 25 сол бар дӯш дорад. Пас месазад нафаре, ки қавлу амалаш як аст, ин меҳани азизашро бо ҷону дил дӯст медорад ва чун Президенти мардумӣ унвон гирифтааст, ба ҳайси пешвои миллат шиносем ва Рӯзи президентро бо ҳисси баланди ифтихору шодмонӣ таҷлил намоем.  

 

 

Дилафрӯз Сангинова, директори ДПДТТ дар шаҳри

Хуҷанд ба номи академик М.С. Осимӣ, аъзои

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд