Субҳи имрӯз ҷаласаи Кумиҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҷамъбаст намудани фаъолияти корӣ дар давраи нуҳ моҳи соли 2021 дар баргузор гардид. Дар он намоянда аз МИҲД - и шаҳри Хуҷанд, муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллзода, раиси собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов, раисони фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни фаъол иштирок доштанд.
Ҷаласаро Раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ оғоз намуда, ҳамагонро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард. Сипас, оиди ҷамъбасти фаъолити Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар назди ҳозирин ҳисобот дода қайд кард, ки вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои мақомоти болоии ҳизб нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои соли 2021 иборат аз 78 банд таҳия ва тасдиқ шуда, шуъбаҳо ва кормандони масъули кумиҷроия аз рӯи он фаъолиятро ба роҳ монданд. Дар давраи ҳисоботӣ 63 банди нақшаи корӣ дар амал татбиқ гардид, ки доир ба иҷрои он маълумоту гузоришҳо пешниҳод гардидааст.
Ҷиҳати боз ҳам тақвият ёфтани фаъолияти корӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб 6 барқия, 4 мактуб, 2 фармоиш, 10 қарор ва аз ҷониби кумиҷроияи вилоятӣ 51 барқия, 4 фармоиш, 6 нақшаи чорабинӣ, 7 мактуб ва қарорҳои маҷлиси ҷамъбастӣ ворид гардида, ҳамаи дастуру супоришҳо дар мӯҳлатҳои пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо ҳизбиён ин ба мардум бурда расонидани нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Ташкилоти ибтидоии “Сино”, ки яке аз пешсафтарин ташкилоти кумиҷроия ба ҳисоб меравад, Амбарой Волидова кор бо ҷавонони ташкилоти мазкур оиди фаъолияти хеш ҳисобот дод.
Ҳамчунин муовини раиси Кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева оиди масъалаи рафти иҷроиши нақшаи обуна барои соли 2022 ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ”, “Сухани халқ” ва “Шафақ” маълумот дод.
Сипас, мудири шуъбаи ҷавонони кумиҷроия Эҳсон Исоев дар бораи мутташаккилона доир намудани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баромад намуда, аз ҷумла чунин гуфт, шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби аъзоёни гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ, занону ҷавонон ва собиқадорони ҳизб бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, тибқи ҷадвал дар давраи даъвати тирамоҳӣ корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар кумитаи маҳаллаҳо ба роҳ монданд. Ҳамчунин аксияи умумивилоятии Рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем” дар қисми ҳарбии 35-01-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва занони барӯманд ба муносибати муташаккилона гузаронидани маъракаи тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ доир гардид.
Ҳамзамон мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумиҷроия Маҳмадсалим Ҳаитов аз рафти иҷрои фармоиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд “Дар бораи баргузории озмуни вилоятии Кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоӣ ва шуъбаҳои беҳтарин” ҳисобот дод.
Мудири шуъбаи омори кумиҷроия Баҳодурхон Сафоев оиди тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, қатъ, бақайдгирӣ ва аз қайдбарории аъзои ҳизб маълумот дод: “Дар натиҷаи бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ давоми семоҳаи сеюми соли 2021 аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 331 нафар ба сафи ҳизб ҷалб гардиданд. Дар асоси қарори ташкилотҳои ибтидоӣ давоми семоҳаи сеюми соли равон 4 нафар аз қайд бароварда шуд ва 187 нафар бинобар сабаби вайрон намудани талаботи Оиннома ва вафот аз сафи ҳизб хориҷ гардиданд”.
Ҳамчунин дар охири маҷлиси ҳисоботӣ муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода баромад намуда, арзи миннатдории МИҲД-и шаҳрро ба ҳизбиён барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳое, ки бахшида ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр баргузор гардид, баён дошта, перомуни масъалаҳои ҷойдошта фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа якчанд нафар фаъолон бо Медали ҷашнӣ, сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ва тӯҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
 
Поделились: 3