Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Мо шаҳрвандони он шукрона мекунем, ки дар чунин давлати ободу зебо ва муҳимтар аз ҳама дар фазои мутаҳҳидиву ягонагӣ умр ба сар мебарем, ки дар саргаҳи ин амалҳои нек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешови миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.

Овозае, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук оид ба гирдиҳамоӣ дар Олмон нашр шуд, ба ин беномусону бевиҷдонҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИ гуфтанӣ ҳастем, ки ин қадар ба мардуми ҷаҳон маданияти мо шаҳрвандони бонангу номусро бо бесаводиатон шарманда насозед.

Оё гирдиҳамоиро бо панҷ нафар гурезагони дар ба дар ташкил кардан мумкин аст? Мо ба ягон гирдиҳамоӣ эҳтиёҷе надорем, зеро ин гирдиҳамоӣ ҳатман яке аз нақшаҳои ғаразноки ТЭТ ҲНИ буда, чун ҳарвақта муқобили оромиву осудагии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон низ воқеаи фоҷиабори солҳои ҷанги шаҳрвандиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард ва ба он хатогиҳо дубора роҳ нахоҳанд дод. Мо ҳеҷ вақт рутбаи худро иваз нахоҳем кард!

 

Дадобоев Абдулҳафиз

аъзои Ҳизби Халқии

Демократии Тоҷикистон

дар шаҳри Хуҷанд