Тибқи супоришоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дар асоси нақшаи фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» санаи 3-уми сентябр бахшида ба 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумиҷроияи шаҳрӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Кишвари биҳиштосоям Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он пеш аз ҳама Раиси Кумиҷроия Наим Маликисломов бо сухани ифтитоҳи оид ба дастовардҳои замони истиқлолият суханронӣ намуд. Сипас, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумиҷроия Аслиддин Исомадинов дар мавзӯи «Шукри истиқлол мегӯем мо» ва Маъруфҷон Эрбоев дар мавзӯи «Кишвари биҳиштосоям Тоҷикистон» маърӯза карданд. Баъдан ҷавонон фаъолона саволу ҷавобҳо ва баҳсу мунозираҳо карда, фикру андешаҳои худро баён доштанд. Дар охир аз ҷониби раиси Кумиҷроия ба 4 нафар ҷавонон, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.