Таҳқиқотҳои илмию амалӣ исбот намуданд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, маъданҳои кӯҳӣ, сангҳои қимматбаҳо, ангишт, оби нӯшокӣ ва намак мебошад, ки барои дар оянда дар Осиёи Марказӣ мавқеи устувори иқтисодӣ пайдо намудан имконият кофӣ дорад.

Бештар аз 60 фоизи ҳаҷми умумии маҷрои дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон ташкил меёбад. Ҳамзамон Тоҷикистон, ки ҳудуди умумиаш чандон калон нест, қариб 4 фоизи захираҳои гидроэнергетикии ҷаҳонро дорост.

Ҳаҷми умумии захираҳои имконпазири гидроэнергетикии Тоҷикистон соле бештар аз 500 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад.

Қадами нахустин дар азхудкунии захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ин сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Варзоб-1 ба ҳисоб меравад, ки сохтмони он соли 1931 оғоз шуда, моҳи декабри соли 1936 ба анҷом расид ва иқтидораш 7,15 мегаватт мебошад.

Соли ба кор даромадани НБО-и Варзоб-1 ҳамчун соли тавлиди энергетикаи Тоҷикистон қайд мегардад.

Минбаъд сохтмон ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқии обӣ босуръат идома ёфтанд. Соли 1949 нерӯгоҳҳои барқии обии Варзоб-2 бо иқтидори 14,76 мегаватт, соли 1958 НБО-и Варзоб-3 бо иқтидори 126 мегаватт ба истифода дода шуданд.

Соли 1958 азхудкунии дарёи Вахш бо ба кор даровардани НБО-и Шаршара бо иқтидори 29,9 мегаватт сар шуда, минбаъд босуръат идома ёфт. Соли 1962 нерӯгоҳи аз ҳама калонтарини Тоҷикистон дар дарёи Вахш НБО-и Сарбанд бо иқтидори 210 мегаватт ва соли 1964 НБО-и Марказӣ бо иқтидори 18,6 мегаватт ба кор шурӯъ намуданд. 

Сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии Қайроққум ва Норак дар таърихи халқи тоҷик мавқеи муҳим дорад.

11 июни соли 1951 сохтмони НБО Қайроққум оғоз ёфт. Дар сохтмони НБО-и калон, ки он вақт аз иншоотҳои бузургтарини Осиёи Миёна ҳисоб мешуд, намояндагони 37 миллат – тоҷикон, русҳо, кореягиҳо, немисҳо, тоторҳо, ӯзбекҳо, қирғизҳо ва ғайра иштирок мекарданд. Иқтидори он 126 ҳазор киловатт буда, барои электрокунонидани ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон аҳамияти калон дошт.

Дар натиҷаи меҳнати фидокоронаи бунёдгарони НБО-и Қайроққум вай пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд. Чунончӣ, дар соли 1956 ду агрегат, моҳи апрел агрегати сеюм, моҳи сентябр агрегати чорум, моҳи октябр агрегати панҷум ва моҳи декабри соли 1957 агрегати шашум ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр, ҳамаи шаш агрегати НБО-и Қайроққум барои шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои саноатӣ, колхозу совхозҳои Ӯзбекистон ва қисми шимоли Тоҷикистон нерӯи барқ истеҳсол мекард. 

30 июли соли 1960 КМ Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (ҲКИШ) ва Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) дар бораи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Норак қарор қабул карда, аҳамияти онро барои иқтисодиёти Осиёи Миёна махсус таъкид намуданд. 

Дар соли 1961 бошад КМ ВЛКСМ сохтмони НБО-и Норакро Сохтмони зарбдори умумииттифоқии комсомол эълон намуд. 

Ба кори лоиҳакашии сарбанд ва стансия паҷӯҳишгоҳҳои зиёди илмӣ-тадқиқотии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷалб карда шуданд. Сохтмони НБО-и Норак ҳақиқатан ҳам беназир буд. Иқтидори лоиҳавии стансия 2 миллиону 700 ҳазор киловатт-соатро ташкил мекард.

Дар натиҷаи сохтмони сарбанди баланд, обанборе ба вуҷуд меомад, ки ғунҷоишаш 10,5 миллиард метри кубиро ташкил мекард. Ин имкон медод, ки ҷоришавии об ба танзим дароварда шуда нафақат бо обтаъминкунии заминҳои корам, балки иловатан садҳо ҳазор гектар дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон обшор гардад.

Сохтмони НБО-и Норак дар маркази таваҷҷӯҳи ташкилотҳои ҳизбӣ ва комсомолии Тоҷикистон қарор дошт. 26 апрели соли 1963 дар пленуми VII КМ ҲК Тоҷикистон масъала дар бораи сохтмони НБО-и Норак муҳокима карда шуд. Пленуми КМ таваҷҷӯҳи Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист ва идораи «Нуректадҷгидрострой» -ро ба зарурати ҳарчи бештар тезонидани ҷараёни сохтмон ҷалб кард, барои таъмин кардани сохтмон бо коргарони баландихтисос, васеъ ҷорӣ кардани воситаҳои механзатсияи хурд, беҳтар намудани сохтмони манзил, хизмати тиббӣ ва мадании бинокорон чораҳои мушаххас андешид. КМ комсомолии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки дар соли 1963 ба сохтмон 500 коргарони ҷавони касбҳои гуногунро сафарбар намояд. 

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари ташкилотҳои ҷавонон дар солҳои 1961-1965 ба сохтмони НБО-и Норак зиёда аз 5 ҳазор ҷавонону духтарон омаданд. Ин пеш аз ҳама аз ҷавонони мактаби сохтмонро дар чунин иншоотҳо ба мисли НБО-ҳои Бурятск ва Красноярск гузашта, аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хусусан деҳаҳои гирду атроф иборат буданд. Дар соли 1966 фақат аз шаҳри Ростови лаби Дон 137 нафар омаданд.

Дар солҳои панҷсолаи нӯҳум ҳамасола дар фасли тобистон бо супориши КМ ВЛКСМ дар сохтмони НБО-и Норак донишҷӯёни кӯҳнавард кор мекарданд. Масалан, тобистони соли 1971 37 нафар донишҷӯёни кӯҳнавард аз мактабҳои олии Маскав фидокорона меҳнат карда иҷроиши ҳаҷми корро 100 ҳазор сӯм таъмин намуданд.

Дар нимаи дуюми солҳои 70-ум мусобиқаи байни коллективҳои муассисаҳои баҳамназдик вусъат ёфт. Яке аз хусусиятҳои хоси ин мусобиқа аз он иборат буд, ки вай дар доираи байниҷумҳуриявӣ амал намуда, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро дарбар мегирифт. Мусобиқаи муассисаҳои баҳамназдик ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории бародаронаи байни халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъсири муфид расониданд.

Масалан, бинокорони ҷавони НБО-и Норак ташаббускори шакли сифатан нави мусобиқаи меҳнатӣ – «Эстафетаи коргарӣ» гардиданд. «Эстафетаи коргарӣ» муттаҳидкунии саъю кӯшиши ташкилотҳо ва корхонаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ-конструкторӣ, мошинсозӣ ва сохтмонии як қатор ҷумҳуриро баҳри бунёди иншоотҳо ва комплексҳои калони хоҷагии халқро пешбинӣ мекард. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин ҳамкориҳо ба ташкилшавии коллективҳои интернатсионалистии меҳнатӣ, анъанаҳо ба амал омада, боиси баландшавии ҳосилнокии меҳнат мегардад.

Ташаббуси бинокорони НБО-и Норакро корхонаҳои калонтарини Тоҷикистон, сохтмончиёни НБО-ҳои Уст-Илимск, Тухтагул, нерӯгоҳҳои барқии давлатии ноҳиявии Мари ва Сурхандарё, бинокорони заводи алюминии Тоҷикистон ва дастгоҳи «3600» дар заводи Азовстал, заводи автомобилсозии Волҷск ҷонибдорӣ намуданд. Ба «Эстафетаи коргарӣ» коллективҳои шӯҳратманди индустрияи бузурги Ленинград – заводи металлӣ ба номи Съезди XXII ҲКИШ ва заводи Иҷорск ба номи Ҷданов, ки барои НБО-и Уст-Илим ва дигар сохтмону корхонаҳои мамлакат таҷҳизот мебароварданд, ҳамроҳ шуданд.

Ба шарофати мусобиқаи «Эстафетаи коргарӣ» агрегати нахустин 16 ноябри соли 1972 ба истеҳсоли барқ оғоз кард. 20-уми декабри ҳамон сол агрегати дуюм ба истифода дода шуд.

Дар натиҷаи меҳнати самараноки коллективҳои комсомолону ҷавонони сохтмону заводҳои таҷҳизоттаъминкунанда, ташкили муназами мусобиқаи сотсиалистӣ нерӯгоҳ 30 сентябри соли 1979 15 моҳ пеш аз мӯҳлат бо иқтидори 2 миллиону 700 ҳазор киловатт-соат ба истифода дода шуд.

Ҷавонони шӯҳратёри тоҷик аз ғалабаҳои меҳнаткашон илҳом гирифтабунёди НБО-и Роғунро сохтмони зарбдори комсомолӣ эълон карданд. Сарбанди нерӯгоҳ нисбати сарбанди НБО-и Норак бояд баландтар, буриши туннели асосӣ калонтар, иқтидори машинаҳои барқӣ ду баробар зиёдтар; шаш машинаҳои барқии иқтидори ҳар кадомаш 600 ҳазор киловатт-соат энергияи барқ мебуд. Нерӯгоҳи нав, ҳамчун нерӯгоҳи пуриқтидортар бояд мақомоти аввалро дар қатори нерӯгоҳҳои обии Вахш ишғол мекард.

Иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар нимаи дуюми солҳои 80-ум пешомадҳои бузургро интизор буд. Дар самтҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ИҶШС барои солҳои 1986-1990 ва давраи то соли 2000-ум чунин қайд шудааст: «Тараққиёти минбаъдаи Комплекси территориявӣ-истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ таъмин карда шавад. Иқтидори нерӯгоҳи барқии обии Роғунро ба кор дароварда, сохтмони НБО-и Сангтӯда оғоз гардад».

Комсомолону ҷавонони ҷумҳурӣ бо ҳамроҳии ҳамсолонашон аз ҷумҳуриҳои бародарӣ саъю кӯшиши худро барои иҷроиши нақшаи нишондода равона карданд. Вале бо пофишории «демократҳо» -и навзуҳурёфта, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва гирудорҳои сиёсии охири солҳои 80-ум – ибтидои солҳои 90-ум сохтмони чунин иншоотҳои бузург нерӯгоҳҳои барқии обии Роғун ва Сангтӯда нотамом монданд.

Бо амри тақдир Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Вазъи иқтисодиёти ҷумҳурӣ талаб мекард, ки сохтмони нерӯгоҳи барқии Роғун идома ва кор дар нерӯгоҳи барқии Сангтӯда вусъат дода шавад.

Бо назардошти хеле муҳим будани нерӯгоҳи барқии Сангтӯда дар иқтисоди кишвар, дар раҳоӣ аз вобастагии энергетикӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар кадом сокини ҷумҳурӣ сохтмони умумихалқӣ эълон карда шуд.

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» 20 феврали соли 2006 шурӯъ гардид. Иқтидори ин нерӯгоҳ мутобиқи лоиҳа 220 мегаватт буда, дар он ду агрегате, ки ҳар кадомаш 110 мегаватт иқтидор дорад васл мегарданд. Чунин иқтидор имкон медиҳад соле дар маҷмӯъ 930 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол гардад. Ин барои ҳалли мушкилоти камчинии барқ дар Тоҷикистон ва ҳатто минтақа мусоидат менамояд ва қисми дигараш ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол дода мешавад.

Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» самти ҳамкории мардуми Тоҷикистону Эрон буда, қадаме ба истиқлолияти энергетикии кишварамон мебошад.

Боиси фараҳмандист, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони азими аср – Нерӯгоҳи барқи обии Роғун идома дорад. Садҳо ҷавонони гуногунмиллати Ватани соҳибистиқлоламон баҳри сохтани нерӯгоҳ камари ҳиммат баста, фидокорона меҳнат намуда истодаанд. Махсусан, ҷавонони Тоҷикистон муроҷиатномаи Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро, ки роҷеъ ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз санаи 5 январи соли 2010 манзур гардид, якдилона истиқбол намуда, барои аз ҳар роҳу восита саҳм гузоштан ба бунёди ин иншооти аср пешниҳодҳои мушаххаси хешро манзур карданд.

Вале сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба муқобилияти шадиди баъзе кишварҳои ҳамсоя гирифтор шуд, ки онҳо аз минбарҳои баланди байналхалқӣ дар барои хавфнокии он сухан мегуфтанд. Дар ин лаҳзаҳои тақдирсоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Бонки умумиҷаҳонӣ хоҳиш кард, ки экспертизаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун тендери ширкати «Салини Импрнҷило»-и Италия пирӯз гардид, ки дар соҳаи сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ – дар арсаи байналмилалӣ яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба ба шумор меравад. Маҳз ҳамин ширкат сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро месозад.

Барои тоҷикистониён боиси ифтихор аст, ки 29-уми октябри соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғоз гардид.

Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон тимсоли шуҷоат ва қаҳрамонист. Лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда ва ҳассос барои халқи муътабари тоҷик сарвари булдозери пуриқтидор гардидани Эмомалӣ Раҳмон буд. Ин марди шуҷоъ булдозери пуриқтидорро моҳирона идора карда, тоннаҳои аввалини масолеҳи сангу шағалро ба таҳкурсии сарбанд рехт ва маҷрои дарёи Вашро баста, ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид. Итминони комил дорем, ки дар ояндаи начандон дур нури Раҳмонӣ Тоҷикистонро нурборон менамояд ва ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ба истиқлолияти комили энергетикӣ шарафёб мегардад.

ВАҲҲОБ НАБИЕВ, профессор

АЮБҶОН УСМОНОВ, дотсент

ЗАФАРҶОН ҚОБИЛОВ, сармуаллим