Дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бо иштироки кормандони соҳа ва масъулини дахлдор ҷиҳати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот баргузор гардид.

Тахмина Усмонова, директори МНДСЭ-и вилояти Суғд вохўриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли сипаригардидаро барои мардуми шарафманди кишвар соли неку бобарор арзёбӣ намуданд. Зеро дар соли 2022 ба шарофати заҳматҳои содиқонаву созандаи мардуми диёр раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони Тоҷикистон ҳадафмандона амалӣ гардиданд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки раванди созандагиву ободкорӣ ва татбиқи барномаву нақшаҳои минбаъдаро ҷиҳати рушду пешрафти мамлакат ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум боз ҳам тақвият бахшем.

Сипас, Хайринисо Темурова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд. Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.

Таъкид шуд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10 миллион нафар дар моҳи июли соли 2022 афзоиш ёфтааст, яъне ду баробар зиёд гардидааст.

Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарурат б миён омадааст.

Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.

Агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.

Роҳбари Давлат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд.

Мулоқот дар фазои озоду ошкоро ва мубодилаи афкор ҳусни анҷом пазируфт.

 

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Маъмури Юсуфзод