Дирӯз  дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маҷлиси аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир гардид. Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд.

Аз рӯи масъалаи якуми кори рӯзнома дотсенти кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърихи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Бобоев Абдуазиз Абдусамиевич дар мавзӯи «Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат» маърӯза намуд.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома бо ҷонибдории аъзоёни кумиҷроия Конференсияи 25-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд даъват гардид.

Бо ҳамин кори ҷаласаи кумиҷроия ба охир расид.