Санаи 29-уми июли соли равон дар маҷлисгоҳи «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд Конференисияи XV ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Абдунабӣ Сангинов, аъзоёни Кумиҷроияи шаҳрӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони маҷлисҳои вилоятию шаҳрии вакилони халқ, фаъолони ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок карданд. Конференсияи ғайринавбатиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ифтитоҳ бахшид. Баъд аз интихоби ҳайати Раёсат, комиссияи мандатӣ ва котибот вакил Мукаррама Неъматова ахбороти комиссияи мандатиро ба самъи вакилон расонид. Раисикунандаи Конференсия Наим Маликисломов иттилоъ дод, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз санаи 30.06.2015 таҳти № 33 «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх №5», қарори № 34 «Дар бораи таъин шудани рӯзи интихобот ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Масҷиди Сурх №5» ва тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда мо имрӯз имкон дорем, ки бинобар сабаби он, ки вакили қаблии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх №5» мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аъзои Маҷлиси миллӣ гардиданд, номзади дигари худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх №5» пешбарӣ намоем. Дар конференсия як масъала: пешбарии номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх №5» баррасӣ карда мешавад. Ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи волояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх №5» Махкамова Гулбаҳор Махсудовна, соли таваллудаш 1971, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, муовини аввали директори кулли ҶСП ТКХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ», аъзои ҲХДТ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд пешбарӣ шудааст. Дар идомаи Конференсия намояндаи номзад Набиева Фирӯза Ҷаҳоновна вакилонро бо мухтасари тарҷумаи ҳоли Гулбаҳор Махкамова шинос кард. Таъкид намуд, ки номбурда номзади арзанда мебошад ва дар ҳолати муваффак гардидан дар интихобот ба халқу Ватан содиқона хизмат мекунад. Раисони кумитаи маҳаллаҳои Масҷиди Савр, Раззоқ, Қорираҳмат Қурбонов низ Гулбаҳор Махкамоваро номзади арзанда арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки барои дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаштани интихобот кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин радиф вакил Ӯғулой Умаралиева аз иқдомҳои шоистаи номзад ба вакилӣ ёдоварӣ намуда, аз вакилон даъват ба амал овард, ки номзадии Гулбаҳор Махкамоваро ҷонибдорӣ намоянд. Бо роҳи овоздиҳии кушод аз ҷониби вакилон номзадии Гулбаҳор Махкамова дастгирӣ гардид ва қарори дахлдор қабул карда шуд.