Пешрафти босуботи ҷомеа ба тафаккуру зеҳн, ақлу идрок, хираду истеъдод, маҳорату ғайрат, иродаву матонат ва хислатҳои дигари шахсиятҳои роҳбарикунанда алоқамандии бевосита дорад ва ин омил метавонад мавқеи ҳалкунандаро дар муайянсозии самтҳои рушд ва дараҷаи пешравӣ доро гардад. Хушбахтона, таърихи навтарини давлатдории соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати роҳбару сарвари давлат шахсиятеро интихобу пешбарӣ намудааст, ки ҳамаи хислатҳои наҷиби номбурда ва ҳам соҳибфарҳангу дурандеш дурбину сахӣ ва сифатҳои дигари олии инсониро доро мебошанд. Шахсияти нотакрор - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки асосгузори қадамҳои босуботу қавии Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳон маҳсуб ёфта, тавоноии зеҳнӣ, меҳанпарастӣ ва садоқати олӣ ба Ватан ва дигар арзишҳои олии сершумори инсониро дар ҷараёни ироаи Паёми солона ба аъзои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намуданд.

Маротибаи дигар тасдиқ гардид, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баландбардории некӯаҳволии мардуми тамаддунофари кишвар равона гардидааст ва чун анъана таъинотииҷтимоидоштаи буҷети давлатӣ шаҳодати олии эҳтироми воло ба халқу миллат мебошад. Бар замми тадбирҳои пайваста ҷиҳати беҳтарсозии шароити иҷтимоӣ табақаҳои ниёзманди ҷомеа – нафақахӯрону маъюбон, ятимону бепарасторон роҳбарияти олии кишвар хизматчиёни давлатиро низ қадрдонӣ намуда баланд бардоштани ҳаҷми маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ, аз он ҷумла маорифчиёну соҳаи тандурустӣ ва дигаронро эълон намуданд, ки боиси рӯҳбаланди мутлақи ҳамаи қишрҳои ҷомеа гардид.

Таваҷҷӯҳи хоса ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи мутахассисонисоҳибкасбиболаёқат тамоми давраҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки сиёсати пешрафтаи Пешвои муаззами миллат буд, ҳаст ва мемонад, ки инъикоси воқеии онро дар ҷараёни ироаи Паём ҳамагон мушоҳида намуданд. Бо ҳисси баланди дилсӯзӣ, ғамхорӣ ва хиради воло ин шахсияти мӯътабарсоҳаи маорифро таҳлил намуда норасогиҳои ҷойдоштаро амиқу муфассал баён намуда ҳамаи нерӯи зеҳнии ҷомеаро баҳри бартарафсозии онҳо даъват намуданд.

Бо рӯҳбаландӣ аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи маорифи кишварро мебояд ҳамаи самтҳои фаъолияти худро таҳқиқу таҳлил карда роҳҳои наву муосири таълиму тарбияи насли ҷавонро роҳандозӣ намоянд. Дар ин ҷода ба соҳибони касби пуршараф – муаллим комёбиву барорҳо таманно намуда даъват менамоям, ки баҳри дастгирии сиёсати одилонаю оқилонаи маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи нерӯи мавҷударо сафарбар намоянд ва ба Ватан мутахассисони соҳибкасбро тарбия намоянд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

аъзои Ҳизби Халқии Демокрартии

 Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд