Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби фаъолони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таблиғу ташвиқ ва ба мардум фаҳмонидани нуктаҳои асосӣ ва мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Бо ҳамин мақсад дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯёни донишкада вохӯрӣ доир гардид.  Чорабиниро муовини директор оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисод Абдуғаффор Қаюмов ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мукаммали амал аст, ки барои пешрафти хоҷагии халқ мусоидат мекунад.

Профессор  Солиҷонов  Р дар мавзӯи “Вазъ ва паёмадҳои рушди иҷтимоиёт, илму маориф дар масири Паёми Пешвои миллат” сухан карда, зикр намуд, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат нисбати мактабу маориф имконият медиҳад, ки завқи сокинон, хосса ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва техникаву технология зиёд гардад. Солҳои 2020 -2040 эълон гардидани “Солҳои  2020-2040 20- солаи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ” далолати гуфтаҳои болоист.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб, раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд Олимҷон Норматов дар баромади худ баён дошт, ки мавзӯи меҳварии Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар эҳтиром ба таъриху тамаддун, арҷгузорӣ ба хизматҳои бесобиқаи шахсиятҳои бузурги таърихӣ, баланд бардоштани ифтихор ва ҳуввияти миллӣ мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҷомеаи меҳнатии донишкада омодагии худро ба омӯзиши нуктаҳои Паём иброз доштанд.