Дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 22 апрели соли 2016 таҳти № 99 «Дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Сирдарё №1» ва тибқи моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда имрӯзҳо тибқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ, бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд вохӯриҳои номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Сирдарё №1» Салима Каримова бо интихобкунандагони ҳудуди кумитаи маҳаллаҳои Суғдиён, Ваҳдат, Сайҳун, Дӯстии халқҳо ва Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғоз гардидааст. Чунин вохӯрӣ санаи 31 май бо иштироки интихобкунандагони маҳаллаи Дӯстии халқҳо дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Сирдарё №1» Салима Каримова, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов иштирок намуданд. Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов баромад карда, қайд кард, ки нақши ҲХДТ дар баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа калон буда, тавассути аъзои фаъолаш барои беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад. Итминони комил дорем, ки халқ беҳтаринҳоро интихоб хоҳад кард. Инчунин, дар вохӯрӣ номзади пешниҳоднамудаи ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Сирдарё №1», Салима Каримова бо барномаи пешазинтихоботии худ баромад намуда, қайд кард, ки ҳадафи асосиаш мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти мардум буда, дар сурати пирӯзӣ ӯҳдадориҳои худро ҳатман иҷро хоҳад кард. Дар охир миёни интихобкунандагон ва номзадҳо саволу ҷавоб сурат гирифт.