Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ фаъолияташро вусъат бахшида, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, муассисаҳои соҳаи маориф ва маҳаллаҳо силсилаи вохӯриву мулоқотҳоро ба роҳ монда аст.

Ба фаъолияти тарғиботӣ фаъолони ҳизб низ ҷалб гардида, онҳо ҳини мулоқот дар муассисаву маҳаллаҳо ба мардум зарурати хидмати ҳатмии ҳарбӣ барои ҷавонписарон, ки ба ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ иртибот дорад, шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Чунин мулоқоти судманд дар кумитаи маҳаллаи “Навбаҳор” доир шуда, дар он муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева, мудири шуъбаи кор бо занони МИҲД –и шаҳр Муяссара Қаҳҳорӣ, ҳамҷоя бо масъулини мақомотҳои  кор бо дин, суд ва милитсия  дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбия”, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси худшиносии миллӣ баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд. 

Аҳли нишаст бо хушнудии том таклифу пешниҳодҳои баромадкунандагонро пазируфта, ваъда доданд, ки дар маъракаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд.