Шароити  ҷаҳони  имрӯза   ҳифзи асолати миллӣ, забон ва фарҳанги миллиро тақозо мекунад. Дар мақолаи нашршудаи муаллиф (С.Фаттоҳзода, Минбари халқ, 6 (1090) аз 8 феврали соли 2017) ба  раванд ва оқибатҳои паҳн гаштани  маълумот, андешаву ақидаҳои гуногун дар атрофи арзишҳои иҷтимоӣ ва ҷаҳоншиносии сунъӣ хеле бамаврид қайд кардааст, ки мақсаду мароми паҳн кардани арзишу ақидаҳои либералии давлатҳои Ғарб дигаргун сохтани тасаввурот ва ақидаҳо, барангехтани кинаву адоват, нобоварӣ ва коҳиш додани арзишҳои таърихӣ, миллӣ, ахлоқӣ, нигилизми  сиёсӣ буда, хадафи ниҳоии онҳо аз рӯи манфиатҳои ғаразноки худ ташкил кардани инқилоби ранга дар минтақаҳои гуногун аст. Мо бояд бо арзишҳои миллии худ фахр  намоем ва нагузорем, ки  чунин  падидаҳо  ба фарҳанги миллии мо таъсир расонанд. Ғояҳои ватандӯстӣ, ҷасорату ҷавонмардӣ, адолату адолатрпарварӣ, инсофу саховатмандӣ, хираду таҳаммул ва фидокорӣ ҳатто дар симои қаҳрамонҳои бадеию  халқии мо Рустаму Сӯҳроб, Анӯшервону Афридун, Ардашеру Манучеҳр, Фарҳоду Эраҷ  ва дигарон таҷассум ёфтаанд, ки то имрӯз боиси ифтихору нерӯбахши арзишҳои маънавии мо мебошанд. Аз ин рӯ, фарҳанги миллии тоҷикон яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти ҷомеаи мо буда, рушди он ба ҳаёту фаъолияти тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, оини давлатдорӣ, фаъолияти меҳнатӣ, эҷодӣ ва монанди инҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Фарҳанги миллӣ тамоми арзишҳои иҷтимоии миллӣ, расму оин, эътиқоду боварӣ, суннатҳо, анъанаву одатҳо, санъату адабиёт ва забон, илму маърифат, одоб, ахлоқу рафтор, таълиму тарбия ва дигар арзишҳои маънавии моро дарбар гирифтааст, ки инъикосгари симои миллати мо мебошанд. Ин арзишҳо ганҷинаи бебаҳо, мероси ниёгони мо мебошанд, ки таи ҳазорсолаҳо аз насл ба насл гузашта боқӣ мондаанд, ки ҳоло ҳам заминаи боэътимоди маънавии миллати моро ташкил медиҳанд. Тоҷикон аз ҷумлаи халқҳое мебошанд, ки дар офариниши тамаддун ва фарҳанги башарӣ саҳми арзандаву босазо доранд. Ҳамин тариқ, нақши фарҳанг дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгириву огоҳ намудани низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯ дар оғози амалҳои ғаразғноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро (бештар ахлоқию диниро) коҳиш медиҳанд, фалаҷ мегардонад, сипас ҳисси нобоварӣ ва таҳдиду хатар, зӯроварӣ, нафратро нисбати ҳамдигар тарғибу ташвиқ намуда, арзишҳои диниро ба санъати сиёсат ва идораи давлат омехта нишон дода, муқобил мегузоранд. Ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳадафи тарғиботи арзишҳои давлатҳои Ғарб, ғайр аз барангехтани ҳисси нобоварӣ ва ҷудоиандозӣ чизи дигар нест. Дар зери пардаи ақидаву шиорҳои сунъӣ, ниқобҳои бофтаю хаёлӣ, амалҳои худро ба арзишҳои  пешқадами «демократӣ»,  тобиш дода, мехоҳанд бо ҳамин роҳ мардумро ба гумроҳӣ баранд, ба ҳадафҳои худ ноил шаванд. Аксари фирефташудагони ин равияҳои нопок, шахсони дур аз камолоти маънавӣ буда, вуҷудашонро (ботинан) нобоварӣ, норозигӣ ва эътирози ниҳоӣ фаро мегирад,  лекин онҳо аз ҳадафҳои ниҳонии таҳрибкорон ғофиланд. Таъсири ин гуна падидаҳои номатлуб  дар шароити сатҳи паст фарҳангӣ, ғофилӣ аз маърифату худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифоя, хусусан ҷавонон боиси ба осонӣ (бо роҳи тарғибот ва ташвиқоти бартарияти як дин нисбати дини дигар, як миллат нисбати миллати дигар, зодаи як маҳал нисбати маҳалли дигар ё бартарияти як равия нисбати равияи дигар ва ғайраҳо) шомил  шудан ба фаъолияти нопок ва  дар интиҳо хавфноки ҳар гуна гурӯҳҳо мегарданд. Бинобар ин, зарур аст, ки дар кори таълиму тарбия дар  руҳияи худогоҳӣ, худшиносӣ ва масъулияти иҷтимоӣ дар канор набошем, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад.

Раҳматулоев А.Э.- мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон