Нимаи дуюми рӯзи гузашта бо иштироки беш аз 170 нафар интихобкунадагони ҳавзаи интихоботии «Инқилоб» №11 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 вохӯрии номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вилоятиву шаҳрии Маҷлиси вакилони халқ дар шаҳри Хуҷанд доир шуд.

Шахсони боэътимоди шахсони боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, номзад ба вакилии Маҷлиси вилоятии Маҷлиси вакилони халқ Шоира Бузкурукова, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Ҷабборова Муҳиба доир ба ҳадафҳои барномавии номзадон ва шарҳи холи онҳо баромад карданд.

Аз ҷумла дар баромади Абдусабур Абдуваҳҳобов, шахси боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаи дастрасии сокинони шаҳр бо ошомидании тозаи Хоҷабоқирғон,  идомаи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва расму оинҳо» аз нуктаҳои меҳварии барномаи пешазинтихоботии номзад аст ва дар сурати вакил интихоб шудан дар ҳалли мушкилиҳои мардум дар такя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Шахсони боэътимоди номзадон Зулфия Ашӯрова ва Шучоат Ҳасанова низ аз ҷанбаҳои асосии барномаҳои номзадон ёдовар шуданд

Дар фарҷом аз ҷониби интихобкунадагон таклиф шуд, ки барои модарони кӯдакони хурдсол доштаи бешуғл давлат кӯмакпулӣ ҷудо намояд.