Дар асоси фармоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз санаи 17.09.2015 таҳти №56 оиди дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 таҳти №1504, «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Барномаи ҲХДТ, барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, вазъи мубориза бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ, андешидани чораҳои таъхирнопазир, ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯии пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, бартараф кардани сабаби шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мубориза бар зидди коррупсия ва тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд раиси кумиҷроия Наим Маликисломов бо сартабибони беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва табобатгоҳҳои шаҳри Хуҷанд мулоқот ороста, оид ба пешгирии амалҳои номатлуби коррупсионӣ суханронӣ намуд. Инчунин оид ба ҳамин масъала сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Абдусалом Ваҳобов баромад карда, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Барномаи ҲХДТ дар самти соҳаи тандурустӣ ва расонидани хизматрасонии сифатноки тиббӣ ба аҳолӣ ба иштирокчиён супоришҳо ва дастуру ҳидоятҳо дод. Аз ҷониби ширкатдорони мулоқот амалҳои номатлуби коррупсионӣ якдилона маҳкум карда шуд.