Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни миллии 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҲХДТ, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди маҳаллаи «Чорчироғ» шанбегӣ доир карда шуд.

Дар рафти шанбегӣ наздики 100 нафар ҳашарчиён дар корҳои нарму омода намудани қитъаҳои заминҳои кӯчаву хиёбонҳо, шинонидани гулҳои ороишиву мавсимӣ,  обдиҳии гулу гулгаштҳо ва ғайра саҳм гузошта, барои тоза намудани роҳраву хиёбонҳои маҳалла аз партовҳо кӯмак намуданд. Дар анҷоми маърака, ба ҳашарчиён барои меҳнати софдилона, гузоштани саҳми муносиб дар ободонии маҳал ва расонидани ёрии амалӣ аз ҷониби раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар изҳори миннатдорӣ карда шуд.  Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо аз як тараф сазовор ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи ватандўстӣ, баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба ватану меҳан ва тарғиби маърифати шаҳрвандӣ мебошад.