Мутобиқ ба дастуру супоришҳои раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба санҷиши ҳолати воқеии ташкилотҳои ибтидоӣ субҳи имрӯз мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳрӣ Олимҷон Норматов аз ташкилоти ибтидоии бозори «Панҷшанбе» дидан намуд.

Зимни азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо ба роҳбарияти ташкилоти ибтидоии мазкур Ғаниҷон Поччоев дастур дода шуд, ки бобати ба низомдарории ҳуҷҷатҳо, насби овезаю шиорҳо, саривақт баргузории ҷаласаҳои ташкилот, соатҳои сиёсӣ, ҳаракати аъзо ва ҷалби аъзо корҳоро боз ҳам ҷоннок намоянд.

Бозори марказии «Панҷшанбе» аз калонтарин марказҳои савдои кишвар ба ҳисоб рафта, дар таъмини ҷойи корӣ, ғановати буҷа саҳми беш дорад. Айни замон шумораи аъзоёни ташкилот ба 106 нафар расида, аъзоёнро асосан савдогарони бозор ташкил медиҳанд.

Бозор оинаи шаҳр аст. Ва зимни мулоқот кайд шуд, ки дар муоширату муносибат бо мардум фарҳанги шаҳрдориро риоя намуда, маданияти баландамонро шоиста муаррифӣ намоянд.