Дар шаҳри Хуҷанд таъмири роҳҳои дохили маҳаллаҳо идома дорад. Бо максади ҳарчӣ бештар фаро гирифтани корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои маркази вилоят, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи кории худ дар оғози ҳафта ба ширкатҳои роҳсозӣ ва муассисаи идораи истифодабарии роҳхои шаҳр супориш дода буд, ки барои таъмири роҳҳо имконияту захираҳои мавҷуда бояд истифода гарданд. Зеро ҳавои мусоид дар ин рӯзҳо ҷиҳати пешрафти корҳои тармиму барқарорсозии роҳҳо созгор мебошад. Дар кӯчаи ба номи Сайфӣ Қозиеви шаҳри Хуҷанд кормандони идораи «Суғдроҳ» давоми ду рӯз аст, ки мумфаршкунии пурраро оғоз карда, ният доранд, то интиҳои ҳафта ба анҷом расонанд. Барои таъмири кӯчаи мазкур беш аз 310 ҳазор сомонӣ сарф шуда, ки 90 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сокинону соҳибкорони кӯча ва миқдори боқимондаи маблағ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мебошад. Масофаи умумии кӯча зиёда аз 1 км буда, масоҳати умумии мумфаршкунӣ бошад, 5 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад. Мумфарш намудани роҳҳо дар қисмати дигари кӯчаи Таги Сада ва кӯчаи ба номи Р. Эгамбердиев То интиҳои моҳи равон идома меёбад.

http://khujand.tj