Дар доираи омодагиҳо ба маъракаи сиёсии дарпешистода аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ амалҳои хайрияви, аз ҷумла аёдати беморону маъюбон ва пиронсолону ниёзмандон ба роҳ монда шуда истодааст.

Бояд гуфт, ки ғамхорию дастгирии табақаҳои осебпазир ва ниёзманд яке аз самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мебошад.

Иҷрои чунин амалҳо дар кумиҷроя ба ҳукми анъана даромада, мунтазам дар арафаи иду айём ва санаҳои таърихӣ роҳандозӣ мешавад.  

Гурӯҳи аёдатӣ дар ҳайати вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд, сартабиби таваллудхонаи вилоятӣ Шоира Бузрукова ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева рӯзи 07.02.2020 ба ду оилаи камбизоат  ташриф оварда,  занони маъюб Улфат Усмонова ва Муҳаббат Ризоеваро аёдат карданд.

Дар рафти сӯҳбати самими ба аёдатшудагон кӯмаки яквақтаи моддӣ дар шакли маводи хӯрокворӣ супорида шуд. Онҳо аз ғамхорию дастгирии ҳизбиён қаноатманд гардида, ба унвони Пешвои муаззами миллат, роҳбарияти кумиҷроияҳои вилоятию шаҳрии ҲХДТ миннатдорӣ баён карданд.

Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби вакилони халқ, соҳибкорону саховатмандон ва аъзоёни фаъоли ҳизб чунин амалҳои хайрро минбаъд низ идома мебахшад.