Дар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури аҳли маорифи шаҳр бо баргузории як чорабинӣ аз 25 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикитон таҷлил карда шуд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Конститутсия- бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ҳамчун рўзи фархундаву саодатбахш ва пурнишот бо ҳарфҳои заррин сабт гаштааст. Дар ин рўзи муборак пас аз ҷаҳду талошҳои фаровон дар таҳияи матни шоиста бо раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рўзи таърихӣ дар мамлакати мо Рўзи Конститутсия эълон шуд ва ҳамасола ботантана таҷлил мешавад. Воқеан ҳам Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Конститутсия – қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.
Сипас, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва нависанда Муқим Воҳид баромад карда дар бораи нақшу мақоми Конститутсия дар ҷомеаи имрӯза маълумот доданд. Таъкид шуд, ки Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд. Тавассути ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон сохт, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи комёбиҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад.
Сипас, ба ғолибони озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутся» диплому туҳфаҳо ва як қатор пешсафони соҳа сипосномахо тақдим карда шуд.

Дар қисмати адабӣ-мусиқии чорабинӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ шеъру суруд ва таронаҳои ватандӯстона бо маҳорати баланд намоиш дода шуд.