Шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи дастур ва супоришоти кумиҷроия амал намуда, тибқи нақша - чорабиниҳо вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Кумитаҳои маҳаллаҳо, ташкилотҳои ибтидоии корхонаву муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳо дар байни аҳолӣ ва ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб вохӯрӣ баргузор намуда истодааст.

Дар ташкилоти ибтидоии “Касб” мудири шўъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Хуҷанд Заррина Манонова бо   омӯзгорон ва донишҷӯёни литсейи касби техникии №44, оид  ба  риояи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо максади пешгирии қонуншиканиҳо дар байни ноболиғон, ҷавонон ва ҳаргуна ҳодисахои номатлуб мулоқот гузаронида шуд. Ба донишҷӯён моддаҳои қонуни мазкур дар шакли васеъ фаҳмонида дода шуд, инчунин иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 Имрӯзҳо нақш ва таъсири бонувон дар роҳандозӣ ва амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ арзёбӣ мегардад.