Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳёи суннат ва падидаҳои фарҳанги қадимаи ниёгон ба яке аз масоили меҳварии сиёсати давлат табдил ёфта, дар дарозои 25 соли мавҷудияти давлати навини миллии тоҷикон бо ибтикори Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри таҳқиқ, нашр ва таблиғи мероси адабиву таърихӣ, фарҳангиву маънавии гузаштагон тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Ҷаҳонишавии Наврӯз, ки яке ташаббусҳои дар сатҳи ҷаҳон манзуршудаи давлати Тоҷикистон дар қатори меросбарони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз маҳсуб меёбад, ки на танҳо дар эҳёи суннатҳои нодири фарҳанги куҳани миллӣ, балки дар миқёси саросари олам баровардани падидаҳои тамаддуни ниёкони мо, ки воқеан метавонанд ба фарҳанги ҷаҳонӣ хидмат намуда, дар тафаккур ва андешаи ҷаҳониён таъсири пурфайз гузоранд, нақши муассир гузошт. Бо гузашти солҳо пайваста дар зинда гардонидан ва таҷдиду такмили муҳимтарин оинҳои наврӯзи Аҷам, ки воқеан аксари онҳо ҳанӯзам дар миёни мардуми тоҷик дар манотиқи мухталифи кишвари мо бо шеваву равишҳои хос маҳфуз мондаанд, иқдомоти шоёне аз сар гирифта мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ дар амри истиқбол аз ин рукни муҳими сиёсати фарҳангии Пешвои миллат пайваста талошҳои шоёнеро аз сар гирифта, ҳамасола барои таҷдиду тармим обидаҳои таърихӣ, эҳёи мероси ғаноманди фарҳангии миллати куҳанбунёди мо тасмимоти қобили мулоҳизаеро ба намоиш мегузорад, ки дар ин миён зиндагии дубора бахшидан ба оинҳои наврӯзӣ дар сафи аввали ин ибтикорот қарор доранд. Имсол низ барои эҳёи яке аз оинҳои нодир ва барҷастаи Наврӯз – Корвони наврӯзӣ низ иқдомоти шоистае аз сар гирифта мешавад, ки аз ҷумлаи аркони аслии Наврӯзи бузурги гузаштагони мо маҳсуб мегардад. Ниёкони мо аз дергоҳи таърих Наврӯзро бар пояи оинҳои мухталифе таҷлил менамудаанд, ки дар вуҷуди ҳар яке аз онҳо ба таври умум аносири фарҳанги олии инсонӣ, суннатҳои шоистаи ахлоқӣ таҷассум ёфтааст. Бар пояи ахбори маҳфуз дар таърихномаҳо наврӯз дар қадимтарин даврон то ба як моҳ давом ёфта, ҳатто бахше аз русуми ин ҷашни бузурги милли мо қабл аз Наврӯз шурӯъ гардида, бо вуруди соли нав ҳатто бештар аз бист рӯзи дигар идомат пайдо менамуд. Бо такя бар имтидоди таҷлили Наврӯз то ба як моҳ дар аҳди бостон куллияи мароҳили баргузории ин ҷашни куҳан дар ду бахш сурат мегирифта: Наврӯзи хурд ва Наврӯзи бузург. Мутобиқи ахбори сарчашмаҳо Наврӯзи бузург баъд аз шаш рӯзи вуруди Наврӯз ё шашуми Фарвардин, ки ба номи Хурдодрӯз маъруф аст, баргузор мегардид, ки асли Корвони Наврӯз ҳам маҳз дар ин ҳамин рӯз ҷараён мегирифт. Ба таъбири дигар, Корвони наврӯзӣ аслу моҳияти таҷлили Наврӯзи бузург ба вуҷуд оварда буд. Мутобиқ бар таъкиди сарчашмаҳо шинохти Наврӯз чун ҷашни ниёкон аслан Корвони Наврӯз дар чанд рӯзҳои дигари қабл аз вуруди Наврӯз ва ҳатто фурсатҳои оғози соли нав, ки ба таъбири “даромадани сол ё солдароён” ва дар миёни дигар ҳамзабонон бо номи “таҳвили соли нав” маъруф аст, на ба сурати умум, балки шакле нисбатан мухтасар низ ҷараён дошта. Танҳо дар рӯзи таҷлили Наврӯзи бузург он ба Корвони бузурги Наврӯз бо ҳузури шоҳ табдил ёфта, ба сурати як намоиши фарогири доираи васеи мардумон аз қишрҳои мухталифи ҷомеаро ҷараён мегирифтааст. Қабл аз он ки ин ҷашнвораи муҳташам бо Корвони бузурги наврӯзии мардум баргузор гардад, чанд рӯз қабл даромадани Наврӯз оине бо номи “Наврӯзхонон” барпо мешуд. Гурӯҳе аз мардум, ки сурудҳои наврӯзиро аз бар медонистанд ва худ аслан аҳли мусиқӣ буданд, ба тамоми шаҳр, маҳалла ба маҳалла, хона ба хона зери танини мусиқӣ бо иҷрои ин сурудҳо ба мардум паёми омадани Наврӯзро мерасонанд. Дар посухи ирсоли ин паёмҳои шодиовар мардумон барои эшон шириниву меваҷот, нону кулчаҳои ширӣ, тухми мурғ, гандум ва ҳар чӣ аз худ доштанд пешкаш менамуданд. Ҳатто бархе пули нақдӣ барояшон медонанд. Дар сурати аз ҷониби нафароне ҷудогона чизе бар ивази ин паёми шодмониву нишоти наврӯзӣ нарасидан, ин гурӯҳ онҳоро ба масхара кашида, дар ҳаққашон сурудҳои ҳаҷвӣ месароиданд ва ба ин шева низ навъе худро ва мардумро шод медоштанд. Ин расми вежаи маъруф ба наврӯзхонӣ имрӯз асосан дар миёни мардуми мо ба сурати “Бойчечак” ҷараён дорад,ки аслу моҳияти он ба ҳамин оини наврӯзхонӣ шабоҳат дорад. Ҳарчанд ки бойчечак маросиме дар паёмоварии ҳузури баҳор ба шумор меояд, аммо мӯҳтаво ва моҳияти он сарчашма аз ҳамин расми деринаи ниёкон гирифтааст. Аммо Корвони Наврӯз, тавре таъкид гардид, дар рӯзи шашуми Фарвардин, ки хурдодрӯз унвон дошт, ба солшумории мо ба 26 март рост меояд, сурат мегирифта. Ниёкони мо чунин мепиндоштанд, ки аксари ҳаводис ва иттифоқоти матлуб ва муборак дар сарвишти мардумони ориётабор маҳз дар ҳамин рӯз ба вуқуъ пайвастааст. Ба ибораи дигар, ҳафтоду ду рӯйдоди муҳими таърихӣ ва сарнавиштсоз маҳз дар ҳамин рӯз ба вуқуъ пайваста аст ва бори нахуст маҳз дар ин Хурдодрӯз ҳафтдаҳ ҷашну оини миллии куҳан баргузор шудааст, ки ҳамин нукот тақаддуси ин рӯзро бозгӯӣ намуда, сабаби аслии доир шудани Наврӯзи Бузургро, ки Корвон ҷузве аз он ба шумор меояд, тавзеҳ медиҳад. Аз ҷумла, ин рӯзро ба фариштаи об нисбат медиҳанд, чун худ Хурдод дар фарҳанги куҳан ҳамчун фариштаи муваккили обҳо эътироф гардидааст. Дар канори ин, ба навиштаи Абурайҳони Берунӣ шашумин рӯзи Наврӯз фурсати тақсими саодат ба тамоми сокинони курраи замин дониста мешавад, ки ба ҳамин хотир онро рӯзи саодат ва умед ном ниҳодаанд. Дар пайванд ба эълони ин рӯз ба унвони рӯзи умед мардумон дар гузашта канори ҳамдигар ҷамъ омада бо таҷаммуъи хоса, ҳаракатҳои мухталиф, иҷрои расму оинҳо дар Наврӯзгоҳҳо, баргузор намудани корвон, ки аз вежагиҳои хосае бархурдор аст, Наврӯзи бузургро таҷлил менамуданд, то аз тақсимоти саодат баробар баҳравар шаванд. Бо ишорат ба ҳамин вежагии хоси таҷлили Наврӯзи бузург аст, ки Умари Хайём дар “Наврӯзнома” фармудааст: ““Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ бипайвандад то наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузаронад” Аз осори куҳани паҳлавӣ ҳам рисолаи кӯчаке бо номи «Моҳи фарвардин, рӯзи Хурдод» низ боқӣ монда, ки аслу моҳият ва фазоили ин рӯз ва сабаби имтиёзи ин рӯз бар рӯзҳои дигар дар аҳди қадимро дар 47 банд тавзеҳ медиҳад. Таълифи рисолаи мазкур ба замони подшоҳии Хусрави Парвиз нисбат дода мешавад. Ба ибораи дигар, ин рисола хуҷастагиҳои рӯзи шашуми Фарвардинро, ки дар аҳди қадим Рӯзи Хурдод унвон дошт, шарҳ дода, ҳамзамон иттифоқоти наҷиберо, ки то поёни ҷаҳон дар ин рӯз ба вуқуъ хоҳанд омад, бозгӯӣ мекунад. Аҳмади Тафаззулӣ, муаллифи китоби «Таърихи адабиёти Эрон қабл аз ислом» зимни муаррифии ин рисола онро таълифе дар шарҳи шашум рӯзи фарвардин, яъне Наврӯзи бузург унвон кардааст. Дар худи матни китоб ҳам ба Наврӯз будани он ҳамчун яке аз хуҷастагиҳои ҳамин рӯз таъкид шудааст. Дар банди 11 омада: «Моҳи Фарвардин, рӯзи Хурдод, Ҷам астудонҳо канд ва ба мардумон фармуд кандан, чун онон фармудаи Ҷамро диданд, рӯз ба Наврӯз карданд ва Наврӯз ном ниҳоданд». Донишманди дигари эронӣ Мирҷалолуддини Каззозӣ дар мақолаи худ «Наврӯз ҷашни бозгашт ба оғоз» бо такя бар иттилои яке аз осори куҳани паҳлавӣ- «Бундаҳишн» баробари рӯзи умед будан шашум рӯзи Фарвардин, яъне Рӯзи наврӯзи бузургро таъкид намуда, навиштааст: « Хурдодрӯз, рӯзе пас хуҷаста шуморида мешудааст.Рӯзе, ки некӯӣ аз рақамзанони буданиҳо ва сарнавиштсозон ба гетӣ фуруд меояд ва соли фараҳманд ва некӯ аз фаррухӣ ва ҳумоюнии ин рӯз дар пай хоҳад омад.Аз ҳамин бовари бостонӣ аст, ки забонзади «соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост», дар забони порсӣ ба ёдгор мондааст». Нуктае, ки дар асари қадимаи паҳлавӣ “Бундаҳишн” омада, ба гунаи зайл садо дорад, ки сарчашмаи ин каломи устод Каззозӣ маҳсуб шуда, Рӯзи баргузории Наврӯзи Бузургро ҳамчун рӯзи Некуӣ ё фуруд омадани некӣ ба рӯи замин маънидод месозад: “Агар дар сол некӯ шояд зистан, ба сабаби Хурдод аст.Чунин гӯянд, ки “Ҳамаи некӣ чун аз абаргарон (сарнавиштсозон) ба гетӣ ояд, он ба Хурдодрӯз, ки Наврӯз аст, ояд. Бошад ки гӯяд, ки: “Ҳама рӯз ояд, аммо он рӯз беш ояд. Пайдост, ки агар дар он рӯз бар тан ҷомае некӯ бидоранд ва бӯи хуш бӯянд ва мурвой (фол) нек кунанд ва нишастан аз ҷои реман (палид) ва аз мардуми бад дур буванд ва обҳоро беҳтар кунанд... он сол некӯи бад эшон беш расад ва бадӣ аз эшон дур созад.”. (Бундаҳишн. Гузориши Меҳрдоди Баҳор. Теҳрон, интишороти Тӯс, 1369, саҳ. 169) Пас, аз ин ишороти мавҷуд дар китоби қадимаи Бундаҳишн равшан мешавад, ки баробар рӯзи саодат ва хуррамиву умед будан, шашум рӯз аз Наврӯз, яъне фурсати баргузории Наврӯзи Бузург рӯзи аз ҳама бештар фуруд омадани некӣ ва талқини афзуни мардум ба некукориву некгуфторӣ ва ҳамнишинӣ бо некону парҳез аз ҳузур дар перомуни бадон будааст. Ҳамин тавр, яке аз муҳимтарин омили баргузории Корвони наврӯзӣ гиромӣ доштани ин рӯз ба хотири иттифоқи 72 рӯйдоди муҳими сарнавиштсози гузаштагони мо дар аҳди бостон аст, ки боис ба зуҳури 17 ҷашну оини бузурги миллӣ гардидааст. Аз ин рӯ, маҳз дар ҳамин рӯзи таҷлили Наврӯзи бузург аст, ки баробар ба иҷрои барномаву намоишномаҳо бевосита ҳамин ҳабдаҳ расму оини қадима баргузор мешуда, ки таркиби аслии Корвони Наврӯзро ба вуҷуд овардаанд. Мардумон аз субҳи содиқ ба таҷлили Наврӯзи Бузург шурӯъ намуда, оинҳои наврӯзиро аз маросими шаккар чашидан ё шаккар чашонидан оғоз менамуданд. Абурайҳони Берунӣ дар тафсири ин оини оғозгари ҷашни Наврӯзи бузург, ки сароғози Корвон ҳам будааст, чунин навишта: “Ҳар кас дар ин дар бомдоди ин рӯз, пеш аз он ки сухан гӯяд, шаккар бичашад ва тани худро ба равғани зайтун чарб кунад, дар ҳама сол аз анвои балоҳо солим хоҳад монд”. Ҳамин гуна, маросимҳои рӯзи Наврӯзи бузург бо ширинӣ додан ё шаккар чашонидан ба умеди баҳравар гардидани аз қисмат шудани саодати башарӣ оғоз меёфт, ки бешак ин оин дар ҳузури ҳамдигарии мардум дар майдонҳои Наврӯзгоҳ сурат мегирифт. Ба тадриҷ афроди мухталиф ба доир шудани маросиму оинҳои мухталиф иқдом менамуданд, ки моҳиятан таркиби Корвон бидуни он ки худи мардум хоста бошанд, мукаммал мегардид, чун тавре гуфта омад, ҳар яке аз ин ҳафтаҳо маросими мазкур аз сӯи гурӯҳҳои муайян ба намоиш гузошта мешуд. Дар навбати аввал баробар ба оини шаккарафшонӣ ё шаккарчашонӣ оини обпошӣ ҳам оғоз мегардид, ки мутобиқ ба ақидаи ниёгони мо ин ба хотири рӯзи фариштаи об, яъне номи шашумин рӯзи Наврӯз – Хурдодрӯз ва тоза кардани гарду ғубори аз фасли Зимистон ба мардум расида аз сар гирифта мешуд. Дар барпоии ин оин низ гурӯҳе аз мардум дар қисмате аз Наврӯзгоҳ машғул гардида, ҳузури ин расми нусратёри ин суннати идонаро таъмин менамуданд. Аз дигар маросимҳои муҳим, ки барои зуҳури Корвон Наврӯзӣ асос гардида, идӣ додан маҳсуб мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки ҳарчанд дар эҷоди таркиби аслии Корвон таҷлили ҳафтаҳ ҷашн ё маросим дар як рӯз боис омадаанд, аммо идӣ додан аз ҷумлаи асоситарин ваҷҳи таъминкунандаи аслу моҳияти Корвони наврӯзӣ ба шумор меояд. Иштирокдорони Корвони наврӯзӣ ба хотири идӣ додан ба тамоми мардум дар зарфҳои мухталифи хурду бузурги таҳияшуда аз шохаҳои дарахтони гуногун,мисли сабадҳо, каҷоваҳо анвоъи меваҳои хушку тар, гандум, дигар намуди хурданиҳоро гузошта, дар хиёбонҳо сайр мекарданд. Ба ҳар хонае, ки наздик меомаданд, аз ин меваҷот ва хурданиҳо ба унвони идӣ ба соҳибони он тақдим карда, аз ин роҳ баробари анҷоми як оини наврӯзӣ иқдоми анҷоми корҳои хайрро пеш мегирифтанд. Ин рафтори аҳсан низ пайванд бар он доштааст, ки Худованд дар ин рӯзи тақсимоти саодати башарӣ эшонро низ бебаҳра нагузорад ё бар ивази идиҳои дода ё амали эҳсонварзӣ барояшон саодати инсонӣ насиб гардонад. Дар тамоми маҷрои ҳаракати Корвон, ки зери садои мусиқиҳои хоси наврӯзӣ, иҷрои намоишҳои мухталиф ҷараён мегирифт, аксари оинҳои дигари марбут ба Наврӯз ба мавқеи иҷро гузошта мешуданд. Нахуст бояд қайд намуд, ки Наврӯз аз оғоз бо мусиқӣ ва шодиву нишот пайванди амиқ доштааст, то мардум дар аввалин рузҳои ҳузури соли ҷадид пайваста дар масаррат ва фараҳмандӣ бошанд. Аз дергоҳи таърих таронаҳои хосаи наврӯзӣ дар фарҳанги куҳани мо ҷой дошта, ки онро ромишгарону навозандагон, аҳли мусиқӣ ба иҷро мерасониданд. Тавре гуфта омад, ин таронаҳои махсуси наврӯзиро ғолибан афроди маъруф ба “Наврӯзхонон” месароиданд, ки кори онон ҳанӯз қабл аз ворид шудани ин ҷашни миллӣ дар кучаву хиёбонро тавассути сурудани он чакомаҳо омадани Наврӯзро башорат додан оғоз меёфт. Дар рӯзи Наврӯзи бузург низ наврӯзхонон пешопеши Корвон боз ҳам ин гурӯҳи ҳунарварон бо иҷрои таронаҳои хосаи Наврӯзӣ паёми ҳузури баҳорро ба мардум мерасониданд. Чун аҳолӣ ба шунидани садои наврӯзхонон аз хонаҳо бадар мешуданд, корвониён, хоса афроди сарватманду хайрандеш ба эшон идиҳои наврӯзӣ медоданд. Мардум низ бо гирифтани идиҳо ба корвон мепайвастанд ва ҳамин гуна то поёни мақсади худ корвони Наврӯзӣ ба тадриҷ бузург мегардид ва мардум ҳамагӣ бо орзуи баробар ва дар канори ҳамдигар баҳравар шудан аз тақсимоти саодати башарӣ корвони Наврӯзро то интиҳои рӯз тавсеа бахшида, ба сурате муҳташамтар давом медоданд. Дар қисмати пеши Корвон ҳамроҳи наврӯзхонон Мири Наврӯзӣ ҳам бо шеваи хосае ҳаракат мекард, ки маросими маъруф ба кӯсаи барнишинро иҷро менамуд. Тартиби барпоии ин маросим он гуна буда, ки аз миёни мардум нафаре барои иҷрои ин нақш нафаре баргузида мешуд, ки дар зери манаҳи худ чанд тор мӯй ба унвони риш дорад. Ин намоиш то андозае ҷанбаи ҳаҷвӣ дошта, баҳри шодиву нишоти мардум сурат мегирифт. Мири Наврӯзӣ аслан рамзи ҳиҷрати зимистон ба шумор меравад, ки аҳолӣ бо хандаву тамасхур ба ҷониби вай менигаранд, ки аз тарси баҳору Наврӯз рӯ ба гурез ниҳода истодааст, яъне салтанати зимистон акнун ба интиҳо расидаву ӯ по дар рикоб ниҳодааст. Дар оинҳои куҳан Мири наврӯзӣ ба як даст зоғ ва ба дасти дигар бодзан мегирад ва пайваста худро бод дода, баробар ба дигарон ӯ низ ашъоре месарояд, ки мазмуни хайрбодӣ бо зимистон ва сармо доранд. Аз ин рӯ, Мири наврӯзӣ ба унвони як симои музҳик ба назари мардум менамуд, ки аз дидани он тамоми ширкаткунандагон ва тамошобинон, хоса кӯдакон шодмонӣ намуда, бо шеваи худ ӯро тамасхур менамуданд. Ҳатто аз рӯи анъана Мири наврӯзӣ ба тарафи мардум мерафт, то бар ивази хандаҳояш чизе бо худ бигиранд, варо ҳатто аз рӯи таҷлили оинҳои наврӯзии худ лату кӯб мекарданд ва ҳатто нидо дармедоданд, ки эй намоди зимистон ва сармо зуд аз пеши мо бирав, ки аз дасти ту ба дод омадаем. Ҳамин гуна, дар таркиби Корвони Наврӯз бо ҳаракати ин гурӯҳи ҳунармандон намоишномаҳои шодиофарини наврӯзӣ низ сурат мегирифт ва Мири наврӯзиро афроди дигаре мисли ӯ ба сурати масхарабозони дар ниқобҳои мухталиф даромада, ҳунармардони дигар бахшҳо ҳамроҳӣ менамуданд. Вобаста ба ин, тахмин намудан мумкин аст, ки миёни Мири наврӯзӣ ва Бобои барфӣ пайванде мавҷуд ва эҳтимол дорад, ки зуҳури Бобои барфӣ дар маросимҳои табдили соли милодӣ чун чеҳраи асосӣ то ҷое бояд дар сарчашма дар ин оини куҳани аҷдодии мо дошта бошад, ки албатта ин мавзӯи таҳқиқи ҷудогонаро хостор аст. Зимнан дар рӯзи Наврӯзи бузург, оростани хони наврӯзии мураттаб аз ҳафт сину ҳафт шин, пухтани суманак ва анвоъи хӯрокаҳои дигар, ки бештар аз гиёҳону рустаниҳо, меваҷот ва маҷмӯан аносири табиӣ расм шуда буд, ки ҳамин шеваи таҷлили ин ҷашни бузург имрӯз низ тавассути чунин маросимҳо асолати худ идома доранд. Муҳимтар аз ҳама аслу бунмояи Наврӯзи бузургро мо бо беҳтарин ваҷҳ дар таҷлили ин ҷашни шукӯҳманд дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ҳамасола ба мушоҳида мегирем, ки воқеан аз асолатшиносӣ ва дараҷаи баланди худогоҳии мардуми тоҷик чун меросбарони асили фарҳанги Наврӯз башорат медиҳад. Боварии комил дорем, ки бо эҳё шудани Корвони наврӯз ба сурати навин ва таркиб ёфтани он аз омезаҳои фарҳанги куҳан ва ҷадиди миллии мо ин падидаи нодир метавонад дар амри зинда гардидани беҳтарин суннатҳои Наврӯзи бузург ва ҳамзамон таҳкими Ваҳдати миллии мардумони кишвар нақше босазо гузошта, моро чун меросбарони ин ҷашни шукӯҳманди ҷаҳонӣ ба тамоми оламиён дигабора муаррифӣ менамояд.

Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аъзои ҲХДТ