Матбуот дар ҳама давр минбари розу ниёз ва пур кардани маънавиёт буду ҳаст. Хосатан агар масъулони васоити ахбори омма воқеаву ҳодисаҳоро мӯшикофона ва воқеъбинона  таҳлилу баррасӣ намуда, мавқеи худро дар ҳама ҳолат нишон дода тавонад,  аз маҳбубтарин расонаҳои хабарӣ дониста мешавад. Нашрияҳои дилогоҳи ҳизбиёни кишвар бо номи «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» натанҳо афкору ақидаи ҳизбиёнро, балки ҷомеаро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун месозанд.   Махсусан вокунишҳо ба ин ё он маводҳо, андешаҳои коршиносони сиёсӣ, таҳлилу баррасии ин ё он воқеа хеле моҳирона рӯи саҳифаҳои ин рӯзномаҳо дарҷ мегарданд.

Аз моҳи июни соли 2018 сар карда маъракаи «Обуна-2019» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» оғоз гардида, дар ин давра аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ташкилотҳои ибтидоӣ мувофиқи меъёри муқарраргардида, мактубҳо ирсол карда шуд.

          Бо назардошти муҳимияти ин маъракаи сиёсӣ ташкилотҳои ибтидоии «Палатаи савдо», «Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд», «Маркази саратоншиносии вилояти Суғд» ва «Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд» то имрӯз нақшаи обунаро ба пуррагӣ иҷро намуданд.

         Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд кӯшиш бар он дорад, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи МИҲД-и шаҳр ва ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия дар муддати кӯтоҳ нақшаи обунаро ба пуррагӣ иҷро намояд.