Бо ташаббуси ТҶҶ "Созандагони Ватан" – и   назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии маркази вилоят вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сокинон мунтазам  корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии  паҳншавии бемории коронавирус (covid-19)   корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Аз ҷумла, санаи 12 августи соли равон бо иштироки зиёда аз 20 нафар донишҷӯён ва волонтёрони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес  ва сиёсати Тоҷикистон бо истифода аз усули  маҳал ба маҳал дар байни сокинони  маҳаллаҳои 13,12,19 ва 18-и шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҳамин гуна ташвиқоту тарғибот дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ ба нақша гирифта шудааст.