Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров» дидан намуда, бо  ҳуҷҷатгузорӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, пардохти ҳаққи узвият ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ аз наздик шинос  шуд.

 Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров» ҳуҷҷатгузорӣ хуб ба роҳ монда шуда,  ҳаққи узвият низ саривақт пардохт карда мешавад. Раиси Кумиҷроия аз ин ҳолат изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулини Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ оид ба беҳбудии кор ва боз ҳам хубтар ба роҳ мондани он маслиҳатҳои муфид дод.

Инчунин, аз ҷониби раиси кумиҷроия таъкид гардид, ки бояд ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ибтидои назди кумитаи иҷроияи ибтидоӣ нақшаи чорабиниҳоро омода намуда, омодагии ҷиддӣ бинанд то, ки ин идҳои пуршукӯҳро дар сатҳи баланд  ҷашн  гирем.