Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кафили сулҳу оромӣ дар кишвар медонанд ва ба ӯ боварӣ доранд. Маҳз заҳмату талошҳои бевоситаи ин шахсият буд, ки миллатро аз вартаи ҷангу хунрезӣ наҷот дод. Дар ҳамон лаҳзаҳои мудҳиштарини давлат нерӯҳои ба мисоли Гадоев “озодихоҳ”  хостанд, “обро лой карда аз он моҳӣ доранд”.

Гурўҳҳои терористӣ аз ҳаракатҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳму тарсро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои амалӣ намудани ҳадафҳояшон муҳайё карда истодаанд. Бояд таъкид намуд, ки ҳадафе, ки дар паи он ғаризаҳои ғайриинсонӣ истодааст, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Хосатан ба Шарофиддин Гадоев, ки худро ҳамчун нерӯи озодихоҳ ситоиш намуда, кадом як инқилобу дигар корнамоӣ кардаам гӯён ҳарф задааст, таъкид менамоям, ки баргашти ту ба Ҳоланд ин бурди ту нест, балки бохтат аст. Вагарна онҳо туро маҷбури боз ба доми худ кашиданд. Ту ноилоҷ ҳастӣ, зеро ту мадюну миннатдорӣ онҳо ҳастӣ. Агар барнамегашти туро ба таври бояду шояд, несту нобуд мекарданд. Малум аст, ки аҳдофи ҳаразноки хоҷагонӣ ҳоландиат бо ту тамом нашудааст ва дар амали сохтани он туро ҳамчун силоҳ истифода мебаранд. Ҳамин тавр чун бозича даст ба дасти фармондеҳонатон мегардӣ. Албатта то он даме, ки туро мақсаднок истифода бурда мешаванд.

 Бояд таъкид намуд, ки дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурўҳҳои терористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод афзуда истодааст ва ба назармерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми эшон қурбон намуда истодаанд.

Зишткороне ҳастанд, ки инсониятро хушбахт, сарҷамъ, бародару баробар ва орому осуда дидан намехоҳанд. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо тахти сарварии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти асосии фаъолиятро на танҳо баҳри сулҳу осоиштагии кишвар, балки оромии ҷаҳон равона кардааст. Ҷаҳониён аз сиёсати ваҳдатгароёнаи хориҷии Сарвари давлат воқифанд. Дастоварду пешравиҳои солхои соҳибистиқлолиро нодидагирифтан кори оқилон нест, балки ҷоҳилони наҳзатӣ чунин рафтор каранд.  

Аз ин кишвари ободу озод шукргузорӣ мебояд, ба нороҳат гардидани баъзе кӯтоҳназарони фитнаангез ва инқилобгарон ҳамфикрӣ нашояд, то он ҳодисаҳои мудҳиш бар сари мардуми мо наояд.

Мо бояд донем ва дарки амиқ дошта бошем, ки Ваҳдату якдилӣ моро боҳам овард. Ва он сарҷамъи файзу баракати ҳар як хонадонро фузуда мегардонад. Имрӯз барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳдати миллии тоҷикон дарси ибрат ба шумор рафта, аз ҷониби сиёсатмадорону сиёсатшиносони ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Мароми ҳар инсони худогоҳ бояд зидди ифротгарой ва терроризм бояд буд, то ин падидаи номатлуб ҳанӯз аз аввали сабзишаш решакан гардад.

Гулчеҳра Муллоусмонова, устоди кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ