Дар интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар 7 ҳавзаҳои вилоятии шаҳри Хуҷанд вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб гардиданд.

Бино ба иттилоъи комиссияи вилоятии интихобот дар 7 ҳавзаҳои вилоятии шаҳри Хуҷанд ҳамин миқдор вакилон аз миёни номзадони пешниҳодшуда интихоб шуданд. Интизор меравад, ки ваколати вакилони тозаинтихоб дар аввалин иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум тасдиқ мегарданд. Ҳамин тавр, Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ, № 4; Дилафрўз Саидӣ директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Масҷиди Савр, № 5; Хол Ҳайдар, муовини якуми Раиси вилояти Суғд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов, № 6; Илҳомҷон Исобоев, ҷонишини директори нашриёт ва матбааи «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд, узви ҲИИТ, аз ҳавзаи интихоботии Чашмаи Арзана, № 7; Бахтиёр Мирзобаҳодуров, раиси Раёсати ҶДММ “Ширкати Барс” дар шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Сирдарё, № 1; Шоира Бузурукова, сартабиби таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд ба номи Ўғулой Шамсиддинова, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Бофанда, № 2; Ҷамшед Ҷўразода, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, № 3 ҳамчун вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум интихоб гардиданд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд