Ба хотири огаҳии комил пайдо кардан аз мӯҳтаво ва нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Маркази равонпизишкии вилояти Суғд» бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ҷамъомади судманд баргузор гардид.

Зимни баромад муовини Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии қонунгузории кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир бо таҳлилҳои дақиқу мушаххас пешниҳод гардид, ки ҳамасола ҳамчун дастурамал барои як сол роҳандозӣ шуда, моро ба зиндагии шоиста ҳидоят менамояд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ин чорабинӣ ду нафар аъзоёни фаъоли ҳизб, табибони мушфиқи ин Марказ арза доштанд, ки барои амнияти кул, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, махсусан дар соҳаи тандурустӣ – равонпизишкӣ, ки омили асосии пешрафти мамлакат маҳсуб меёбад, саҳми босазо гузошта, баҳри зиндагии шоиста талош хоҳанд варзид.