Дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз санаи 12.06.2014 таҳти №1 маъракаи «Обуна- 2015» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» оғоз гардида буд. Боиси зикр аст, ки ягона воситаи чопию тарғиботии ғояҳои созандаи ҲХДТ, барномаи пешазинтихоботии он, инъикоскунандаи фаъолиятҳои ҳизбию сиёсӣ, таҳаввулотҳо дар ташкилотҳои он, ҳамчунин сафарбаркунии мардум барои иқдому ташаббусҳои неки бунёдкорона нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» ба ҳисоб мераванд. Баҳри иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои мазкур то инҷониб cоҳаҳои тандурустӣ ва иқтисодиёт ба пуррагӣ обуна гардиданд ва дигар ташкилотҳои ибтидоии Комиҷроия низ дар ин маъракаи муҳим фаъолона ширкат варзида истодаанд.