РӮЙ СӮИ ОБОДӢ, РӮЙ СӮИ ПЕШРАФТ

Дар асоси нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо интихобкунандагон субҳи имрӯз дар Маркази саломати рақами 1 –и шаҳри Хуҷанд вохӯрии шахси боэътимоди номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон ба маснади президентӣ, ректори МДТ ДДХ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибуллоҳ, муовини Раиси   КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, раиси шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов, сармуҳаррири нашрияи “Шафақ” Абдусабур Абдуваҳобов ва сарвари Маркази саломатии №1 Адиба Мамадова бо кормандони Маркази саломатӣ доир гардид.

Чорабиниро Абдуҳаким Шарипов ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки халқи тоҷик хуб медонанд, ки таъмини осоиш ва сулҳ, ҳифзи иҷтимоии сокинон, роҳи раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодиву маънавиро Пешвои муаззами миллат  ҳанӯз дар солҳои аввали роҳбариашон дастёб шуданд. Сокинон то ҳол шукрона аз он доранд, ки баъди ҳукмфармо шудани амну амонӣ иқдомӣ ба сокинон тақсим кардани 75 ҳазор гектар замин аз ҷониби Сарвари давлат онҳоро аз гуруснагӣ наҷот бахшид. Ин заминҳо то ҳол байни мардум бо истилоҳи замини президентӣ маъруф аст. Бунёди беш аз 1000 километр роҳу нақбҳо, тармиму таъмири роҳҳои аҳамияти байналмилаливу дохилӣ ва дар ин замина берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ тавассути бунёди 150 нерӯгоҳҳои хурду бузург ба монанди нерӯгоҳҳои обии барқии  Сангтӯда - 1 ва Сангтӯда- 2, Помир, мавриди азнавсозию барқарорсозии нерӯгоҳҳои бузурги Норак ва Қайроққум ва ниҳоятан ба кор даромадани ду агрегати нерӯгоҳи бузурги аср – Роғун, таъмини амнияти озуқаворӣ бо истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна ғаллагиҳо ва картошка, табдили хоҷагиҳои калонҳаҷм ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аз кишвари аграрӣ гузаштан ба мамлакати саноатӣ – аграрӣ ин аст роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ, Президент дар такя бо халқ онро амалӣ намуданд.  

Дар суханронии Ҷӯразода Ҷамшед таъкид шуд, ки дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.  Паёми  нахустини  мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-  уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

      Мардуми кишварамон  суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.

     Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо Афғонистону кишварҳои пасошӯравӣ ба cap мебурданд, пурра ба марзу буми  аҷдодӣ  баргаштанд  ва шахсан бо кӯмаки бевоситаи  Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани  хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои  зиёде  ҷудо намуданд.

    Билохира  27 июни соли 1997  имзои Созишномаи  Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав ба вуқуъ пайваст. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи  ҷанги бародаркуш бо ҳукумат пайваст, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушду иқтисоди миллат гомҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.

Абдусабур Абдуваҳобов дар баромадаш баён дошт, ки воқеан ҳам Барномаи пешазинтихоботии номзад ба маснади президентӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки БАРОИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ унвон гирифтааст, бо як барномаи мукаммал, ки фарогири тамоми соҳаҳо мебошад, вориди рақобати сиёсӣ гардида, ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди нерӯи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ диққати асосӣ равона кардаанд.

Адиба Мамадова аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, дар ин рӯзҳои мушкилфизо такябон ва мутакко будани Президентро ба пизишкон нишонаи одамигарӣ ва оқилии Сарвари давлат унвон кард.

Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки сарҷамъона санаи 11 октябр ба интихобот рафта, ба ҷонибдории нафари арзанда, оне, ки ин миллатро ба сӯи ободӣ раҳнамоӣ мекунад, овоз диҳанд.