Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Истиқлол дар ташкилотҳои ибтидоии Исмат Алихонов ва Раҳбар Қосимов бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз ва 750 – солагии зодрӯзи шоир ва мутафаккир Камоли Хуҷандӣ  озмуни  «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ва 30-и шаҳри Хуҷанд  ширкат варзиданд.

Дар чорабиниҳо зикр шуд, ки яке аз суннатҳои хеле зебои ҷашни Наврӯз оростани бозиҳои миллӣ аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шукӯҳу шаҳомат ва ҷалби доираи хеле васеи кӯдакону наврасон  шавқовару хотирмон сурат мегирад. Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ аз нав эҳё кардани бозиҳои миллии ниёгон, бедор кардани ҳисси хонандагон нисбат ба анъанаву бозиҳои миллӣ, ташвиқоту тарғиботи он байни мактабиён ва ботантана ҷашн гирифтани Иди Наврўз мебошад. Ҳамчунин бештар азёд кардани абётҳои шоири тавоно Камоли Хуҷандӣ хонандагонро ба роҳу равиши дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад.

Сипас хонадагони боистеъдод дар намудҳои бозии миллии лалакпарронӣ, чиллак, ланка, ошуқбозӣ, арғамчинкашӣ, дастхобонӣ, лаппак ва ҳаппак чусту чолокии худро нишон доданд.

Ғолибони бахшҳо дар вазъияти тантанавӣ бо тўҳфаҳои наврӯзии роҳбарияти кумитаи иҷроияи ибтидоӣ сарфароз гардонида шуданд.