Чун ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон дар доираи нақша-чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии вилояти Суғд спартакиада байни донишҷӯён доир мегардад. Соли равон ин чорабинии варзишӣ бахшида ба 20-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хосса доир мегардад. Шурӯъ аз санаи 15 апрел мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили бокс, волейбол (байни мардон ва бонувон), гӯштини миллӣ, гӯштини дзюдо, варзиши сабук ва гӯштини тарзи озод дар толорҳои варзишии «Наврӯзгоҳ», коллеҷи тиббӣ, ба номи «Устопириён», Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва варзишгоҳи деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров    гӯштин идома дорад. Донишҷӯёни Донишакади политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи ҳама намуди варзиш ширкат варзида истодаанд. Чунончӣ донишҷӯён Далер Мақсудов, гурӯҳи 25.01.03 тб-и факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ ва  Шарифхӯҷа Мавлянов, гурӯҳи 4.430103 та-и факултети информатика ва энергетика дар риштаи гӯштини тарзи озод дар вазни худ бар ҳамаи рақибони худ пирӯз шуда, ғолиби спартакиада гардиданд. Ҳамзамон донишҷӯёни донишкада дар намуди бокс бо ба даст овардани се ҷои дуюм ва варзиши сабук  аз рӯи ҳама намуди он мақоми сеюмро ба даст оварданд.