Санаи 28 феврали соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 шаҳри Хуҷанд мудири шўъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Хуҷанд, бо   хонандагони синфи 11, оид  ба  риояи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо максади пешгирии қонуншиканиҳо дар байни ноболиғон, ҷавонон ва ҳаргуна ҳодисахо номатлуб мулоқот гузаронида шуд. Ба хонандагон моддаҳои қонуни мазкур дар шакли васеъ фаҳмонида дода шуд, инчунин хонандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.