Бо ибтикор ва дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 25-уми ноябри соли 2014 дар шаҳри Қайроққум бахшида ба рӯзи Парчам ва 20-солагии таъсисёбии ҲХДТ байни бонувони вилоят мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намудҳои «Волейбол», «Баскетбол», «Тениси рӯи миз», «Шоҳмот» ва «Дастхобонӣ» баргузор гардид, ки дар он бонувони ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. Мусобиқа бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов, Раиси шаҳри Қайроққум Худойназар Амонзода ва дигар меҳмонон оғоз гардид.

Дар ин мусобиқа варзишгарон- бонувони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзида, аз рӯи намудҳои «Волейбол» ва «Дастхобонӣ» сазовори ҷои аввал ва аз рӯи намуди «Баскетбол» сазовори ҷои дуюм гардиданд. Боиси хурсандист, ки бонувони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ғолиби комили мусобиқаи варзишии мазкур гардида, Ҷоми Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизбро ба даст оварданд.