Тавре ба ҳамагон маълум аст, тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» намоиш дода шуд, ки дар он хиёнатҳои нобахшидании роҳбар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ комилан фош карда шудаанд. Дар ин филм асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони ин филми ҳуҷҷати тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизб ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, симои таърихи сиёсии мамлакатро мунсифона тасвир намоянд.

 Мардуми Тоҷикистон фаромўш накардаанд, ки ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ яке аз субъектҳои асосии барангезандаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум маҳсуб меёфт. Ин ҷанги фоҷиабор, ки миллати моро ба вартаи нобудӣ мекашид, сабаби андўҳи гарони мардуми кишвар шуд. Дар муддати панҷ соли ин ҷанги таҳмилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо қурбон шуданд, тахминан 2 миллион шаҳрвандон бе хонаву дар монданд, ҳазорҳо оила бепарстор монда, фарзандон ятим шуданд. Баъзе минтақаҳои мамлакат дар бунбасти иқтисодӣ монданд ва мардум гуруснагӣ мекашиданд. Аксари мардуми минтақаи ҷангзадаи кишвар аз рўи ноилоҷӣ гуреза ё муҳоҷир шуданд.

Ин ва дигар амалҳои нопоки ТТЭ ҲНИ аз ҷониби ҷомеа ва давлат маҳкум карда шуданд, доир ба ҷинояткории ин ватанфурўшон маводҳо дар васоити ахбори омма ба нашр расидаанд, якчанд ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошта шуданд, ки амалҳои зиддиқонунӣ ва гуноҳи аъзои ҳизбро тасдиқ мекунанд.Ахиран ҳодисаи моҳи марти соли 2015 дар Душанберо ба хотир биёрем. Як гурўҳ, Раиси ҲНИ М.Кабирӣ, аъзои Шӯрои олии сиёсии ҳизб, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Назарзода ва баъзе фармондеҳони саҳроӣ оид ба ғасби мусаллаҳонаи ҳокимияти конститутсионӣ маслиҳат карданд. Бояд зикр намуд, ки хадамоти махсуси хориҷӣ барои амалӣ намудани ин нақшаҳои ҷиноӣ маблағи зиёд интиқол дода буданд. Таҳти назорату роҳбарии бевоситаи Раиси ҲНИ М. Кабирӣ зиёда аз 20 гурӯҳи мусаллаҳ ташкил гардида, ба А.Назарзода 1 миллиону 200 ҳазор доллар дода шуд.

Дар филми мазкур нишон дода шудааст, ки ба хотири ҳарчи